07-11-2017

Мавқеи Тоҷикистон 5 зина боло баромад

Мутобиқи ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-ӣ гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро барои соли 2018 бештар устувор намуда, бо ба даст овардани 56,86 фоизи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ 5 зина боло рафт ва дар раддабандии навбатӣ ҷойи 123-юмро ишғол намуд.

Мавриди зикр аст, ки устувор гардидани мавқеи ҷумҳурӣ асосан аз рӯи беҳтар шудани як қатор нишондиҳандаҳо, аз ҷумла “Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ” 28 зина, “Гирифтани иҷозат барои сохтмон” 26 зина, “Пайвастшавӣ ба қувваи барқ” 2 зина, “Бақайдгирии моликият” 7 зина, “Андозбандӣ” 8 зина, “Тиҷорати байналмилалӣ” 3 зина ва “Таъмини иҷроиши қарордод” 1 зина таъмин гардидааст. Пешравии мазкур натиҷаи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи босамари ислоҳот оид ба соддагардонии танзими давлатии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар кишвар мебошад.

Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки аз рӯи нишондиҳандаҳои “Дастрасӣ ба қарз” ва “Ҳимояи сармоягузорони миноритарӣ” мавқеи ҷумҳурӣ мутаносибан 4 ва 6 зина коҳиш ёфта, тавре аз таҳлилҳо бармеояд, ин асосан ба вазъи имрӯзаи буҳронӣ алоқаманд мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи мунтазам ва сари вақт пайгирӣ ва татбиқ намудани ислоҳот дар самти рушди соҳибкорию беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро мундазам устувор менамояд. Аз ҷумла, ҷумҳурӣ се маротиба дар давоми солҳои 2010, 2011 ва 2015 ба қатори 10 кишвари пешсафи ислоҳотгар дар ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ шомил шуда, мавқеи он барои соли 2016, 34 зина (аз 166 ба ҷои 132) боло рафт ва соли 2017 бошад, дар зинаи 128-ум қарор гирифт.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид