15-03-2018

Конфронси солонаи Котиботи Шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Санаи 15 марти соли ҷорӣ дар Дафтари Бизнес-Ассотсиатсияи Гурҷистон воқеъ дар шаҳри Тбилиси Конфронси солонаи Котиботи Шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба кори худ шурӯъ намуд.
Дар кори конфронс роҳбарон ва кормандони Котиботи Шӯроҳои машваратии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон, Гурҷистон, Албания, Миср, Украина, Молдова, намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Намояндагии ин муассиса дар Гурҷистон иштирок намуданд.
Конфронсро Директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Бруно Балванера ифтитоҳ намуда, оид ба мақсади конфронс, зарурати мунтазам баргузор намудани он, мубодилаи таҷрибаҳои кори Шӯроҳо ва Котиботи он, инчунин масъалаҳои дигари нишаст ибрози назар намуд. Ҳамчунин дар қисмати ифтитоҳии конфронс Ҷустин Маккензи, Сафири Британияи Кабир дар Гурҷистон баромад намуда, таҳкими муколамаи давлат ва бахши хусусиро, бахусус тавассути фаъолияти Шӯроҳои машваратӣ муҳим арзёбӣ намуд. Ҷаноби Маккензи вобаста ба самтҳои дигари масъалаи мазкур ибрози назар намуда, ба иштирокчиёни кори конфронс барору комёбиҳо таманно намуд.
Тибқи барнома дар бахши аввали кори конфронс роҳбарони Котиботи Шӯроҳои машваратии ҳар як давлат оид ба масъалаҳо, дастовардҳои Шӯроҳои машваратӣ, маҷмӯи ислоҳоти иқтисодии дар доираи фаъолияти Шӯроҳо татбиқшуда, бартарафсозии монеа ва нуқсонҳо дар рафти амалисозии ислоҳот ва масъалаҳои минбаъд баррасишаванда муаррифнома пешниҳод намуданд.
Ҳангоми пешниҳоди муаррифнома оид ба таъсис ва фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таҳти сарварии Президенти мамлакат, ислоҳот ва натиҷаҳои он дар соҳа, бо ташаббуси Пешвои миллат амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати васеъгардонии ҳайати намояндагони бахши хусусӣ дар Шӯрои машваратӣ бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар раванди интихоб, баррасӣ ва қабули қарор, таҳким бахшидани майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, самтҳои фаъолияти Шӯрои машваратӣ дар соли 2018 маълумот пешниҳод карда шуд.
Атрофи муаррифномаҳои пешниҳодшуда мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар қисмати дуввуми конфронс намояндагони Котиботи Шӯроҳои машваратии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Молдова ва Қирғизистон оид ба якчанд ислоҳотҳои дар доираи Шӯроҳои машваратии ин кишварҳо амалишуда ва масъалаҳои марбут ба он муаррифнома пешниҳод намуданд. Иштирокчиён оид ба раванди амалисозии ислоҳотҳои мазкур, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи иштироки бахши хусусӣ дар он ва таҳкими раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ибрози назар намуданд.
Қисмати сеюми кори конфронс ба чор бахш:
машварати кории роҳбарони Котиботи Шӯроҳои минтақаҳо оид ба баланд бардоштани самарнокии кори Шӯроҳои машваратӣ;
нишасти мушовирони иқтисодии Котиботи Шӯроҳо;
масъалаҳои таъмини ҳуқуқии самаранокии ислоҳот;
баррасии масъалаҳои маъмурии Котиботи Шӯроҳо тақсим шуда, масъалаҳои вобаста ба маҷмӯи васеи фаъолияти онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Санаи 16 март кори Конфронси солонаи Котиботи Шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ идома ёфт.
Дар бахши кории конфронс намояндагони Котиботи Шӯроҳои машваратии ҷумҳуриҳои Арманистон, Албания ва Гурҷистон оид ба масъалаҳои таъмини фаъолияти самараноки Шӯроҳо ва дар ин раванд ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо шарикон ва бахши хусусӣ, мунтазам ба сатҳи баланд баровардани фаъолияти Шӯроҳо, роҳҳои бартараф кардани монеаҳо дар ин самт муаррифнома пешниҳод намуданд.
Дар ҷамъбасти кори конфронс иштирокчиён раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, татбиқи ислоҳот, устувор гардонидани мавқеи бахши хусусӣ, ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкориҳои шарикони рушд дар ин раванд ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигарии ҷумҳуриҳоро муҳим арзёбӣ намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид