27-03-2018

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Такмили низоми андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Нимаи дуюми имрӯз дар меҳмонхонаи Серенаи пойтахт мизи мудаввар дар мавзӯи «Такмили низоми андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Чорабиниро бо пазироии иштирокчиён Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, Шараф Шерализода ҳусни оѓоз бахшида, нахуст бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шариф Раҳимзода баромад намуд.

Тавре қайд гардид, Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ аз рӯзҳои аввал бо мақсади амалисозии ислоҳоти иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ таъсис ёфта, муддати ин солҳо, бахусус як соли охир хеле самарнок фаъолият дорад. То имрӯз чандин масъалаҳои муҳим ба баррасии ҷаласаҳои Шӯро пешниҳод гардида, вобаста ба он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ санадҳои дахлдори ҳуқуқию меъёрӣ қабул карда шудааст.

Ҳамзамон, пайгирӣ ва баррасии чандин масъалаҳои дигари барои фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ идома дошта, масъалаи дар чорабинии имрӯза дар мавзӯи «Такмили низоми андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо ба ҳисоб меравад. Қайд карда шуд, ки баррасии ҳамаҷонибаи ин масъала ва минбаъд вобаста ба он қабул шудани санадҳои дахлдор барои фаъолияти самти соҳибкорию сармоягузорӣ бештар мусоидат хоҳад кард.

Зимни суханронии худ муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ оид ба баррасии ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои андоз дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ, аз ҷумла ҷаласаҳои VII, VIII, IX, X, XVI, дар доираи ислоҳот дар таҳрири нав қабул ва аз оѓози соли 2013 мавриди амал қарор гирифтани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд.

Дар натиҷа номгӯи андозҳо аз 21 намуд то 10 намуд шумораи эъломияҳои андоз то 41 фоиз, шумораи ҳисоботҳои андозӣ то 86 фоиз ва шумораи умумии пардохтҳои андозӣ то 43 фоиз коҳиш ёфт. Дар кодекс зиёда аз 70 намуди имтиёзҳо пешбинӣ карда шуданд. Бо мақсади шаффоф ва осон гардонидани маъмурикунонии андоз тартиби ҳалли ихтилофот дар мавриди мавҷуд будани духӯрагиҳо дар Кодекси андоз, муҳлатҳои санҷиши нақшавии аввалин ва гузаронидани назорати камералӣ танзим гардида, ба соҳибкорон як қатор сабукиҳо дода шуданд.

Қайд гардид, ки то имрӯз якчанд Гурӯҳҳои кории алоҳидаи мақомоти қонунгузор, шарикони рушд ва бахши хусусӣ вобаста ба масъалаҳои андоз таҳлилҳои худро гузаронидаанд ва натиҷаҳои он бо тавсияҳои мушаххас дар мизи мудаввари имрӯза муаррифӣ карда мешаванд. Изҳори итминон карда шуд, ки мизи мудаввар майдони муколамаи озод, созанда ва шароити мусоидро ҷиҳати ҳамоҳанг намудани фаъолияти ин Гурӯҳҳои корӣ, баррасии якҷояи натиҷаҳои таҳлилҳои аз ҷониби онҳо гузаронидашуда оид ба ҳалли масъалаҳои андозбандӣ фароҳам меорад.

Дар мизи мудаввар якчанд муаррифнома, аз ҷумла таҳлил оид ба такмили сиёсати андоз аз ҷониби коршиноси Барномаи «Дастгирии назорати парлумон ва шаффофияти буҷет дар Тоҷикистон» А. Красников, имтиёзҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршинос оид ба рушди бахши хусусии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, С. Султонова, таҳлили масъалаи андозбандӣ аз ҷониби Раиси Ассосиатсияи АМЧАМ, Г. Атобек ва таҳлил оид ба «Даромадҳои андозии буҷетҳои маҳаллӣ» аз ҷониби Роҳбари компоненти «Муносибатҳои байнибуҷавӣ»-и лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Дастгирии ислоҳот дар самти идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон», Г. Курляндская пешниҳод гардид.

Муаррифномаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби иштироккунандагони чорабинӣ баррасӣ ва вобаста ба онҳо фикру мулоҳизаҳои дахлдор баён гардид.

Зимни ҷамъбасти чорабинӣ Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шараф Шерализода ба иштироккунандагон барои иштироки фаъолона дар чорабинӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки таклифу пешниҳод ва тавсияҳои манзургардида дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравӣ ва ҷаласаҳои минбаъдаи он мавриди таҳлилу омӯзиш қарор мегиранд ва барои омода намудани таҳлили ҷамъбастӣ ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ба инобат гирифта мешаванд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид