07-04-2018

Баргузории Форуми минтақавии занони соҳибкор таҳти унвони “Рушди сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути тавсеаи иқтидори ҳунармандӣ”

6 апрели соли 2018 бо иқдоми Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар доираи фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба дастгирии соҳибкории занон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оила, Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бизнес - Форуми минтақавии занони соҳибкор таҳти унвони “Рушди сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути тавсеаи иқтидори ҳунармандӣ” баргузор гардид.

Дар кори форум намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вазорату идораҳо, аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии соҳибкории занони назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, бизнес-ассотсиатсияҳо, ширкатҳо, бонуҳои муваффақи бахши сайёҳӣ ва ҳунармандии ассосиатсияҳои бонувони соҳибкор, ширкатҳои сайёҳию ҳунармандии Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа бо сухани ифтитоҳӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода, Раиси Кумита оид ба корҳои иҷтимоӣ, оила ва тандурустии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кевин Кэвер, Кордори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Дар баромадҳо аз ҷумла қайд гардид, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, барои расидан ба ин ҳадаф, дастгирии сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ заминаҳои ҳуқуқӣ мавҷуданд. Барои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди инфрасохтори соҳа, зиёд намудани шумораи сайёҳон маҷмӯи тадбирҳо андешида мешаванд. Бинобар ин, мақсади Форум аз баррасии масъалаҳои муҳимтарини баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ҳунармандӣ, имконияти рушди сайёҳии минтақавӣ ва дар шароити афзоиши аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъоли ҷумҳурӣ таъмин бо шуѓл иборат аст.

Кори форум дар бахшҳои зерин идома дода шуд:

- чамъбасти таҳлилҳо оид ба афзалиятҳои иқтисодии эътирофи занон, ҳамчун субъектҳои иқтисодӣ дар доираи таъмини дастгирӣ дар самти беҳтар кардани ҳуқуқҳои иқтисодии занон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ;

- таҳкими шабакаи касбӣ дар минтақа ва истифодаи тиҷорати электронӣ ва технология барои тиҷорат;

- тақвият бахшидани имкониятҳои занон дар бахши сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ;

- тақвият бахшидани имкониятҳои занон дар бахши ҳунармандӣ дар Осиёи Марказӣ;

Рӯзи дуюми Форум ба омӯзиш ва тренингҳои мизи мудаввар барои занони соҳибкор бахшида шуд, ки ба занони соҳибкор барои имкониятҳои роҳандозии технологияҳои иттилоотӣ дар тиҷорат, истифодаи усулҳои муосири ҳавасмандгардонии кормандон ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои пешбурди тиҷорат имкон медиҳад.

Дар анҷоми кори форум, иштирокчиён як қатор тавсияҳоро оид ба беҳтар намудани имконият барои соҳибкории занон ва тадбирҳои дастгирии давлат барои пешбурди соҳибкории занон қабул намуданд.

Дар доираи чорабинӣ инчунин намоиши ярмаркаи маҳсулоти истеҳсолкардаи занҳои соҳибкори самти сайёҳӣ, ҳунармандӣ, агросаноатӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид