12-04-2018

Мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд

Нимаи дуюми имрӯз, мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби масъули Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд бо шарикони рушд баргузор градид.

Мулоқотро муҳтарам Ҳамрализода Ф. М. ифтитоҳ намуда, бо пазироӣ аз иштирокчиён ва арзи миннатдории самимӣ ба шарикони рушд барои ҳамкориҳои самаранок оид ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти институтсионалӣ ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ тавассути такмили заминаи қонунгузорӣ, таҳкими низоми татбиқи қарордодҳо ва идоракунии корпоративӣ, таъмини ҳуқуқҳои моликият, гузаронидани ислоҳоти манфиатовар ҷиҳати тақвият додани устувории молиявӣ ва рақобатпазирии бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ ва корхонаву муассисаҳои давлатӣ, бартараф намудани монеҳои маъмурии иловагӣ ва бо ин роҳ баланд бардоштани иқтидори сармоягузории кишвар ибрози назар намуд.

Тавре зикр гардид, ҳамкориҳо бо шарикони рушд дар доираи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар санадҳои стратегии кишвар, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 инъикос ёфтаанд, ба роҳ монда шудааст.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар Стратегияи барои давраи то соли 2030, гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ѓизои хушсифат ва ниҳоят вусъатдиҳии шуѓли пурмаҳсул, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ муайян гардида, онҳо тақвиятбахшандаи ҳадафҳои стратегии амалкунанда маҳсуб меёбанд.

Сипас, Ҳамрализода Ф. М. дар раванди татбиқи барномаю стратегияҳои мазкур оид ба дастовардҳои ҷумҳурӣ ва ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои зикршуда, самаранокӣ ва рақобатпазирии тамоми нерӯву иқтидорҳо, масъалаю мушкилоти дар самти фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ мавҷудбуда ва бартараф кардани он, таъмини иҷрои тадбирҳои минбаъда, инчунин саҳми давлат, бахши хусусӣ ва шарикони рушдро дар ин самт қайд кард.

Дар мулоқот Маҷидӣ Юсуф Хайрулло Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулмаҷид Муъминзод Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Нигина Анварӣ ва Орзу Аҳмадзода муовинони Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Шараф Шерализода Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Ясмин Гуедар, Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳисоби шарикони рушд - Прадип Шривастава, Роҳбари Намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, Айтен Рустамова Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Ян Петер Олтерс Роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Саня Боянич Муовини Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Туула Юрёля Намояндаи доимии Бюрои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон, Хидаеят Бишчевич Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Питер Фернандес Карди Роҳбари Намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон, Кристин Лаабс Роҳбари KfW, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Бернадетте Ной Роҳбари Намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, Корин Деменж Муовини Намояндаи доимии Котиботи ҳамкориҳои Швейтсария дар Тоҷикистон, Рашид Кадиров Роҳбари Намояндагии Бонки Авруосиёгии рушд дар Тоҷикистон, Манижа Мамаднабиева Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон, Юрий Соболев, Роҳбари Намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон, Хидеки Танабе Роҳбари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, Кэтрин Кроуфорд Роҳбари Намояндагии ЮСАИД дар Тоҷикистон ва дигар намояндагон иштирок намуданд.

Иштирокчиён атрофи масъалаҳои дар мулоқот баёнгардида фикру мулоҳиза ва пешниҳодоти худро вобаста ба самтҳои ҳамкорӣ иброз доштанд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд зимни ҷамъбасти мулоқот изҳори итминон намуд, ки саҳми шарикони рушд дар беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, тавассути татбиқи тадбирҳои созанда, таҳия ва пешниҳоди масъалаҳои соҳибкорию сармоягузорӣ, амалисозии нақшаҳо дар самти татбиқи ислоҳот ҳарчӣ бештар муассир мегардад ва дар ин самт ба шарикони рушд барору комёбиҳо таманно намуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид