26-04-2018

Ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ”-и пойтахт бо иштироки Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бизнес-субҳона: Ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни сухани ифтитоҳии худ, Раиси Шӯрои Раёсати Амчам Гуланор Атобек ба Шараф Шерализода, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ барои иштирок ва омодагӣ ҷиҳати суханронӣ дар чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузор кардани чорабинӣ, ин якҷо бо мансабдорони давлатӣ ва дар муҳити ғайрирасмӣ баррасӣ намудани масъалаҳо, маҳдудият ва мушкилоти дар роҳи рушди Тоҷикистон мавҷудбуда иборат мебошад.

Шараф Шерализода, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ дар баромади худ нахуст аз Раёсати АмЧам барои баргузорӣ ва даъват ба ин чорабинӣ арзи сипос намуда, омодагии Котиботи Шӯрои машваратиро барои ҳамкорӣ бо намояндагони ташкилотҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ иброз дошт. Тавре Роҳбари Котибот таъкид намуд, Шӯрои машваратӣ ин майдони муколамаи созанда байни давлат ва бахши хусусӣ баҳри баррасӣ ва қабули санадҳои дахлдор вобаста ба рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар мамлакат ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, Роҳбари Котибот ба иштирокчиён дар бораи ислоҳот ва натиҷаҳои он дар самти рушди иқтисодии кишвар, ки аз тарафи давлат баҳри рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, ба таври муфассал иттилоъ дод. Дар ин замина оид ба ташаббусҳои минбаъдаи давлат ҷиҳати дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ ва дар ин замина беҳтар гардонидани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ёдрас намуд.

Пас аз суханронӣ, Роҳбари Котибот Шараф Шерализода, ба саволҳои аъзои Амчам, ки сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷиро намояндагӣ мекунанд, посух дод.

Саволу пешниҳодот ва посухҳо атрофи масъалаҳои мубрами соҳибкорию сармоягузорӣ сурат гирифтанд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид