31 Июля 2018

Баррасии масъалаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ

Нимаи аввали имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Баррасии масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид.

Тибқи барнома суханронии роҳбарият ва намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон, инчунин маърӯза ва муаррифӣ оид ба вазъи имрӯзаи соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, имтиёзҳои соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Дар баромаду муаррифиҳо оид ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии масъалаҳои саноат, аз ҷумла масъалаҳои нассоҷию дӯзандагӣ дар ҷаласаи XV Шӯрои машваратӣ ва вобаста ба он қабули Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, оид ба 2 марҳилаи сипаришуда ва марҳилаи сеюми дастгирии соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2018-2021, зарурати таҷдиди назар ба ҳолатҳои Кодекси андоз дар соҳа ибрози назар карда шуд.

Ҳангоми музокира Наврӯзова Гулбону, соҳибкор аз ш.Турсунзода, Муҳаммадиев Абдулло, коршиноси соҳа, Сараева Парвина, соҳибкор аз н. Шаҳринав, Давлатбӣ Ёдгорова, соҳибкор аз ш.Душанбе ва дигарон мулоҳизаҳои худро атрофи масъалаҳои зерин иброз намуданд:

- пешгирии ба таври қочоқ ворид намудани маҳсулоти хориҷии соҳа;

- роҳандозӣ намудани андозбандии воридоти маҳсулоти хориҷӣ аз рӯи миқдор, андоза, навъ(модел) ва нарх бар хилофи ҳолатҳои мавҷудаи аз рӯи вазн воридсозии онҳо;

- озод кардани воридоти матои босифати бо технологияи баланд коркардшуда барои дӯхтани либосҳои мактабӣ;

- дар асоси таҷрибаи Қирғизистон танзим кардани андоз дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ;

- таъмини дастрасӣ ба қарз ва таъсиси фонди дастгирии соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ;

- ҳолатҳои гирифтани патент барои машғулият дар хона;

- таъмини шаффофияти дастгирии лоиҳаҳо бо мақсади дарёфти кӯмакҳо;

- мусоидати мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини бемамониати соҳибкорон бо мактубҳои дастгирӣ барои пешниҳод ва муроҷиат ба ташкилоту муассисаҳо;

- дастгирӣ барои таъсиси коргоҳи дӯзандагӣ бо мақсади таъмини занон бо ҷойи кор;

- гузаронидани аттестатсия ҷиҳати муайян кардани касбияти ҳунармандон ва сатҳи малакаю таҷрибаи онҳо;

-таъмини ҳунармандон бо матоъ ва риштаи босифат барои пешниҳоди маҳсулот ба шаҳрвандони хориҷӣ;

Ба саволҳо роҳбарият ва намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андоз, Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва Фонди Оғохон посух доданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамчунин мулоқотҳо бо намояндагони соҳибкорони соҳа 26 июли соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон анҷом дода шуда, мулоқоти минбаъда тибқи нақша моҳи августи ҳамин сол дар вилояти Суғд дар назар дошта шудааст.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид