18-03-2020

Ҷаласаи навбатии зергурӯҳи корӣ оид ба нишондиҳандаҳои “Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ”, “Андозбандӣ”, “Бақайдгирии моликият”-и Гурӯҳи кории байнидидоравии салоҳиятнок оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 18 марти соли 2020 ҷаласаи навбатии зергурӯҳи корӣ оид ба нишондиҳандаҳои “Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ”, “Андозбандӣ”, “Бақайдгирии моликият”-и Гурӯҳи кории байнидидоравии салоҳиятнок оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ бо иштироки роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини роҳбари Гурӯҳи корӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Хуршедаи Қодир оғоз намуда, вобаста ба супоришҳои протоколии ҷаласаи XX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ оид ба ташаккули ҳукумати электронӣ ва роҳандозии иқтисодиёти рақамӣ, тавсеаи истифодаи самаранок ва татбиқи пурраи низоми автоматикунонидашудаи феҳристи электронии гарави амволи манқул ва ғайриманқул, расмиёти электронӣ дар доираи низомҳои “Равзанаи ягона” оид ба бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, амволи ғайриманқул, иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ, расмиёти содирот, воридот ва транзити молҳо, пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқ, таҳия ва дастраси аҳоливу соҳибкорон гардонидани дастурамал ва номгӯи хизматрасониҳо, нархномаву маълумотномаҳои зарурӣ қайд намуд.

Зикр гардид, ки ҳамаи дастуру супоришҳо ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва татбиқи саривақтиву босифати Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои ҷумҳурӣ дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» барои солҳои 2019-2022 аз 2 майи соли 2019, №223 равона карда шудаанд.

Оид ба ислоҳот дар самти соддагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар доираи низоми “Равзанаи ягона”, муовини якуми раиси Кумитаи андоз, Солеҳзода Аюбҷон баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки роҳандозии пешниҳоди РМС дар доираи низоми “Равзанаи ягона” оид ба бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ, аз байн бардоштани боҷи давлатӣ барои бақайдгирӣ бо мақсади коҳиш додани шумора ва хароҷоти ин расмиёт аз 8 январи соли 2020 ва то инҷониб ба қайди давлатӣ гирифта шудани 2600 субъекти соҳибкорӣ, роҳандозии тартиби электронии пешниҳоди ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ тавассути портали мақомоти андоз ва тибқи он муроҷиат намудани 14530 шаҳрвандон, андешидани тадбирҳои васеи фаҳмондадиҳӣ тавассути баргузории семинар-машваратҳо, вохуриҳо, истифодаи имкониятҳои ВАО аз ҷумлаи корҳои амалигашта маҳсуб меёбанд.

Дар баробари ин, ҷиҳати аз байн бурдани меъёри 1%-и андоз аз фоида ва таъсири он ба коҳишёбии сарбории андоз, фарогирии пешниҳоди эъломияҳои электронӣ аз ҷониби 143200 субъекти соҳибкорӣ, тартиби мустақими пардохти андозҳо аз ҷониби бахши хусусӣ, татбиқи механизми соддакардашудаи (пешниҳоди мустақими ариза) баргардонидани ААИ, суръати нокифояи интернет, норасоии малакаҳои кофӣ барои истифодаи хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз маълумот пешниҳод карда шуд.

Дар ҷаласа муовини директори КВД “Бақайдгирии амволи ғайриманқул”, Шарифзода Сафол вобаста ба соддагардонии расмиёти бақайдгирии амволи ғайриманқул гузориш дода, аз ҷумла оид ба татбиқи расмиёти соддакардашудаи бақайдгирии амволи ғайриманқул тибқи низоми “Равзанаи ягона” ва қабули Дастурамал оид стандартҳои муқарраргардидаи хизматрасонӣ ва механизми шикоят аз болои хизматрасониҳо, таъмини дастрасии мустақими бахши хусусӣ ба маълумот оид ба расмиёти дахлдор, роҳандозии маҳзани рақамии маълумот оид ба амволи ғайриманқул, феҳристи электронии амволи ғайриманқул ва гарави он, геопортал ва масъалаи суръати нокифояи алоқаи интернетӣ барои таъмини хизматрасониҳои босифати электронӣ ва фаъолияти маҳзани электронии мақомот маълумот пешниҳод намуд.

Инчунин дар ҷаласа оид ба аҳамияти таъмини иштироки фаъол дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ, ки марҳилаи пурсиши он оғоз шудааст, зикр гардид. Мавриди зикр аст, ки иштироки фаъол дар арзёбии мазкур ва пурра инъикос ёфтани натиҷаҳои ислоҳот ба боз ҳам баланд шудани нуфузи сармоягузории кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти кишвар, инчунин баҳогузории самаранокии фаъолият дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон мусоидат менамояд.

Вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда, намояндагони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Агентии омор ва дигар вазорату идораҳо баромад намуда, фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид