03-10-2020

Баргузории ҷаласаи Шӯрои соҳибкорию сармоягузорӣ дар водии Рашт

Рӯзи 2 октябри соли 2020 дар ноҳияи Лахш ҷаласаи шашуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт баргузор гардид.

Қабл аз оғози ҷаласа нахуст Маркази иттилоотӣ ва машваратии соҳибкории ҷавонон ифтитоҳ гардида, инчунин ба Ассосиатсияи хоҷагиҳои деҳқонию фермерии “Самар”-и ноҳияи Лахш мотоблокҳои кишоварзӣ дастрас карда шуд. Мақсади асосии амалисозии лоиҳаҳои мазкур, таъсиси ҷойҳои корӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои машваратии соҳибкорӣ ва рушди кишоварзӣ барои ҷавонон ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон татбиқ мегардад.

Дар кори ҷаласа роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, муовинони раисон, аъзои Шӯро машваратии водӣ, инчунин котибони масъул, аъзои шӯроҳои ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Қайд гардид, ки сафарҳои мунтазам ва мулоқоту вохуриҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои водии Рашт бозгӯи таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ба рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаи Рашт ба ҳисоб меравад. Дар ҷараёни ин сафарҳои бобарору созанда як қатор иншооти таъиноти гуногун аз тарафи мардуми меҳнатдӯсти ноҳияҳои водии Рашт бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои имкониятҳои сармоягузориву соҳибкории водии Рашт ва баланд бардоштани иқтидори он, таклифу пешниҳодҳо ба лоиҳаи Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, имкониятҳои рушди соҳаи коркарди маҳсулот ва афзоиши занҷираи арзиши иловашуда дар водии Рашт ва дигар масъалаҳои масъалаҳои марбут ба рушди соҳибкорӣ, мушкилоти соҳа ва роҳи ҳалли онҳо дар минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Иштирокчиён оид ба дастгирии бахши хусусӣ, истифодаи шароит ва имкониятҳои рушди минтақаи Рашт, таҳкими фаъолияти Шӯроҳои машваратии минтақавии рушди соҳибкорию сармоягузорӣ, саҳми соҳибкорон дар ободии диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани некуаҳволии мардуми минтақа ибрози назар намуданд.

Бахшҳои коркарди меваю сабзавот, коркарди ашёи хоми саноатӣ, аз ҷумла мармар, ангиштсанг, хокаи оҳаксанг, тиллои пошхурда, бунёди корхонаҳои хурди парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯри асал, ҷамъоварӣ ва бандубасти меваи хушк ва гиёҳҳои шифобахш, коркарди пусту пашми ҳайвонот ва ҳунарҳои мардумӣ аз самтҳои афзалиятнок дар минтақа интихоб гардиданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид