28-04-2021

Баррасии масъалаҳои таҳкими имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон

Рӯзи 28 апрели соли 2021 Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ бо намояндагони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд ҷиҳати баррасии масъалаҳои таҳким ва рушди имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Чорабиниро хонум Талиса Ҳусейн – Таҳлилгари сиёсати давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оғоз намуда вобаста ба имкониятҳои сармоягуҳорӣ ва таъсири СOVID-19 ба рушди сармоягузорӣ ибрози назар намуд.

Дар баробарин ин, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ вобаста ба тадбирҳои ҳукумати кишвар вобаста ба пешгирии таъсири СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал манзур намуд.

Инчунин, вобаста ба фаъолияти Шӯрои машваратӣ, ҳамкориҳо бо дигар сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд, бахшҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, мушкилоту монеаҳои ҷалби сармояи хориҷӣ муҳокима сурат гирифт.

Дар анҷоми мулоқот, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар ин самт идома дода, роҳҳои муосири ҷалби сармояро дар шароити рақобати шадид истифода мекунанд ва тарғибу ташвиқи имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақвият медиҳанд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид