9 Июня 2021

Баргузории Форуми байниминтақавии сармоягузории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9 июни соли 2021 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазир- Вазири сармоягузорӣ ва савдои берунаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзаков Форуми байниминтақавии сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор карда шуд.

Дар Форуми мазкур беш аз 400 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои саноат, инфрасохтор, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, тандурустӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ иштирок намуданд.

Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ карда шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр карда шуд, ки тайи солҳои охир бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни ду давлат ба сатҳи сифатан нав баромада, баргузории чунин чорабиниҳо, ки ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд, ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар доираи Форуми мазкур байни субъектони бахши давлатию хусусии ду давлат як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд, ки ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолиро дар ҳудуди ду давлат дар бар мегиранд.

Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар сиғаи “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ мувофиқа ва ба имзо расонида шуд.

Иштирокчиёни Форум ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд дода, ба ифоқа расиданд, ки минбаъд низ чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор менамоянд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид