30-06-2021

Moody’s ба Тоҷикистон рейтинги қарзии «В3»-ро бо дурнамои «устувор» сазовор донист

Агентии байналмилалии рейтингии «Moody’s Investors Service» (Moody’s) бори нахуст аз соли 2018 дурнамои рейтинги байналмилалии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дараҷаи «манфӣ» ба ҳолати «устувор» тағйир дод ва ба кишварамон рейтинги қарзии «B3»-ро бо дурнамои «устувор» сазовор донист. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Барои тағйир додани дурнамои рейтинг аз дараҷаи «манфӣ» ба «устувор» пешравии Тоҷикистон дар самти устувор намудани мавқеаш аз рӯи пардохтҳои беруна тайи соли охир асос ба шумор меравад, ки ин ба андозаи назаррас зиёд шудани захираҳои асъориро дар натиҷаи афзудани самаранокии идорасозии захираҳои байналмилалӣ бозгӯ менамояд. Дар натиҷа эҳтимолияти фишори зиёди хавфҳои берунии афзоянда ба профили қарзии Тоҷикистон низ камтар гардид.

Moody’s бар ин назар аст, ки ҳаҷми ин захираҳо дар сатҳи ҷорӣ боқӣ монда, барои саривақт иҷро намудани уҳдадориҳои дарпешистода, аз рӯи пардохтҳои беруна кофӣ мебошад. Вобаста ба ин устувории кишвар дар баробари аксар фишорҳои беруна ва инчунин пардохтпазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд боқӣ хоҳад монд.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки ҳолати саросарии пандемияи COVID-19 ҳамкории мутақобили Тоҷикистонро бо шарикони рушд суръат бахшида, ба такмили минбаъдаи асосҳои сиёсӣ ва ангезаи ислоҳот дар кишвар мусоидат менамояд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид