15-10-2021

Ҳамоиш дар мавзӯи “Муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон”

Имрӯз, дар дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Реҷенсӣ”-и дар доираи чорабиниҳои таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи соҳибкорон” бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти расмии ҷумҳурӣ, сармоягузорону соҳибкорон ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ, олимону коршиносон, ассосиатсияҳо ва созмонҳои соҳибкорӣ ҳамоиш дар мавзӯи “Муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон” баргузор гардид.

IMG 1043.jpg

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саъдӣ Қодирзода қайд намуд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти куллии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат гузаронида шуда, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, аз оғози даврони истиқлол то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифтааст.

Бо мақсади ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя, ба соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок имтиёзу сабукиҳо фароҳам оварда шуд, ки тибқи таҷрибаи муосири байналмилалӣ аз дастгирии назарраси Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳибкорӣ шаҳодат медиҳад.

IMG 1037.jpg

Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи худ дастур доданд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, бахусус ҷорӣ кардани расмиёти электронии баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва дар ин раванд бартараф намудани омилҳои субъективӣ фаъолияти худро густариш диҳанд. Барасмиятдарории фаъолияти сармоягузориро тавассути пурра роҳандозӣ намудани низоми электрониву рақамӣ амалӣ созанд ва фаъолияти марказҳои хизматрасониро ба соҳибкорону сармоягузорон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба роҳ монанд.

IMG 1092.jpg

Ҳамзамон, якчанд дастовардҳои самти мазкур, аз қабили ҷорӣ намудани низомҳои равзанаҳои ягона ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ, дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, бақайдгирии соҳибкорӣ, амволи ғайриманқул, пардохтҳои электронии роҳкиро, кортҳои пардохт ва насб кардани банкомату терминалҳо, ба роҳ мондани ҳисоббаробаркунӣ тавассути низоми электронӣ ва дигар механизмҳои муосир бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ибрози назар намуд.

IMG 1043.jpg

Дар чорабинӣ Пратибха Меҳта, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо, аз ҷумла вазоратҳои корҳои хориҷӣ, адлия, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи андоз, Бонки миллӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Хадамоти гумрук, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содирот баромад намуданд.

IMG 1058.jpg

Дар ҳамоиш вобаста ба раванди муосиргардонӣ ва тариқи электронӣ соддаю осон намудни фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ аз ҷумла дар самтҳои расмиёти бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва низоми андозбандӣ, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, хизматрасониҳои электронии бонкӣ, пешниҳоди раводиди электронӣ, пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, самти низоми иҷозатдиҳӣ ва санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор, равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, Низоми содиркунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо RES (Registered Exporter System), расмиёти апостилгузорӣ, Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гаравӣ ва дигар ҷанбаҳо ибрози назар карда шуд.

IMG 1039.jpg

Пас аз баррасии мавзуъҳо иштирокчиён, атрофи маъалаҳои матраҳшуда мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид