25-11-2021

Ҳамоиш оид ба роҳҳои пешниҳоди маҳсулот барои фуруш

Рӯзи 23 ноябри соли 2021, дар меҳмонхонаи Серена бо ташаббуси ҶСП “Шивер Тоҷикистон” чорабинии бахшида ба “Рӯзи таҳвилгарон” ташкил ва баргузор гардид.

IMG_1760.JPG

Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, намояндагони бахши хусусии ватанӣ ва ҳамчунин муштариёни фаъоли ширкати Шивер иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ, аз ҷониби шарикон ва таҳвилгарон масъалаҳо оид ба беҳтар намудани хизматрасониҳо, афзоиши навъҳои мол, нигоҳ доштани таваррум, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва дигар мавзуҳо баррасӣ гардиданд.

IMG_1782 (1).JPG

Дар қисмати расмии чорабинӣ, роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, Нуъмон Абдуғаффорзода суханронӣ намуда, саҳми ширкати “Шивер Тоҷикистон” дар рушди фазои соҳибкорию сармоягузории кишварамон зикр карда шуд.

Қобили қайд аст, ки ширкати “Шивер Тоҷикистон” бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, аввалин гипермаркети муосирро дар шаҳри Душанбе зери бренди “Ашан” боз намуда, имруз фаъолияти самаранок дорад. Фаъолияти бобарори ширкати мазкур имкон медиҳад, ки ширкатҳои дигари хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои аврупоӣ фаъолияти худро дар Тоҷикистон ба роҳ монанд ва ба бозори мамлакат ворид шаванд.

IMG_1833.JPG

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид