17-02-2022

Мулоқоти кормандони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Нимаи аввали моҳи феврали соли 2022 як қатор мулоқоти маҷозии мақомоти роҳбарикунандаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР), бо кормандони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ доир гардид.

Аз ҷумла дар мулоқот таҳти роҳбарии Эстер Кутанш, муовини Директор оид ба масоили Аврупои шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказии БАТР, ки санаи 15-уми феврал баргузор шуд, мавзуъҳои гузаронидани таҳлилҳо оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, ҷалби сармояи мустақим, содда намудани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, роҳандозии лоиҳаҳо дар самти “иқтисоди сабз”, беҳтар намудани фаъолияти соҳибкорӣ миёни занону ҷавонон мавриди муҳокима ва баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Дар мулоқот Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Абдуғаффорзода Н. оид ба натиҷаҳои иҷрои қарорҳои ҷаласаи XXI Шуро ва омодагиҳо ба баргузории ҷаласаи XXII Шӯрои машваратӣ, ҳамоҳангсозии нақшаю барномаҳо ва лоиҳаҳои ҳамкориҳо дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар мамлакат маълумоти муфассал манзур намуд.

Ҳамзамон, миёни иштирокчиён мубодилаи афкор оид ба фаъолияти Котиботи Шӯроҳои машваратии дигар кишварҳо сурат гирифт.

Аз ҷумла вобаста ба моҳият ва муҳтавои ҷаласаҳои фосилавии Шуро, истифодаи васеи сарчашмаҳои дастрасӣ ба пешниҳодоти бахши хусусӣ, ҷанбаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомот ва бахши хусусӣ, ҳамчунин гуруҳҳои корӣ оид ба таҳлили соҳаҳо, тақвияти соҳибкории занону ҷавонон ибрози назар карда шуд.

Дар фарҷоми мулоқот омодагии ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам ҷоннок ва самаранок намудани ҳамкориҳо тавассути баргузории мулоқоту вохуриҳои дуҷониба иброз гардид. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид