01-03-2022

Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи кории рушди соҳибкории ҷавонон, занон ва шахсони имконияташон маҳдуд

Санаи 28 феврали соли 2022 ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва шахсони имконияташон маҳдуд ташкил ва баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, шарикони рушд ва ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ иштирок намуданд.

Тибқи банди якуми рӯзномаи ҷаласа, аз ҷониби коршиноси миллии бахши гендерӣ шакли пурраи таҳлили омодашуда оид ба арзёбии заминавии рушди фаъолияти соҳибкории занону духтарон дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Тавре қайд гардид, дар назар аст, ки масъалаи беҳтар кардани фазои соҳибкории занону ҷавонон дар рафти ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи аъзоёни Гурӯҳи корӣ барои иштироки фаъолона ва манзур намудании таклифу пешниҳодот дар раванди татбиқи ислоҳот ва амалисозии қадамҳои минбаъда дар самти мазкур ҷалб гардид.

Аз рӯи масаъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа, аз ҷониби коршиноси ТҶ “Лигаи занҳои ҳуқуқшинос” вобаста ба зарурат ва муҳимияти муайян ва мушаххас намудани мафҳумҳои соҳибкории занон, соҳибкории иҷтимоӣ ва ғ. дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муаррифнома манзур гардид.

Тибқи масаъали охирони рӯзномаи ҷаласа, намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла Намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон, Бонки осиёгии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Иттиҳоди Аврупо, Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мақсади бартараф намудани ҳолатҳои такроршавии татбиқи барномаву лоиҳаҳо ҷиҳати таҷдиди назар намудани ҷадвали лоиҳаҳо ва барномаҳои шарикони рушд ва ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ муаррифномаҳои худро манзур намуданд. Ҳамзамон, иштирокчиёни ҷаласаи мазкур ҷадвали солонаи баргузории ҷаласаҳои Гурӯҳи кориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фарҷоми ҷаласа, баъд аз баррасии мавзуъҳо аъзоёни Гурӯҳи корӣ вобаста ба масъалаҳои матраҳшуда мулоҳизаҳои худро баён намуданд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид