05-03-2022

Мулоқоти муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони вилояти Хатлон

Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовинони раиси вилоят ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарону намояндагони масъули бонкҳо, истеҳсолотчиёни ватанӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳукуқ ва намояндагони васоити ахбори омма вохӯрии судманд бо соҳибкорони ватанӣ баргузор шуд.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим, дастгирии соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани иқтидори иқтисодӣ ва содиротии вилоят, бунёди корхонаву коргоҳхои нави истеҳсолии бозгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир, истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда ва муаррификунандаи давлату миллат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар сатҳи баланди ватандорӣ истикбол гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муҳтарам Давлаталӣ Саид таъкид дошт, ки мақсади асосии мо дастгирии соҳибкорони ватанӣ, таъмини рушди босуботи истеҳсолот, ворид кардани сармояи мустақим, амалигардонии лоиҳа ва Барномаҳои давлатӣ, пеш аз ҳама, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин нигоҳ ислоҳи камбудиҳо ва он нигароние, ки зимни вохӯрӣ бо фаъолони вилоят Пешвои муаззами миллат намуда буданд, пайваста таҳти назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Тавре Пешвои миллат, Раиси Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бењтар кардани фазои сармоягузорї, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳаждаҳуми Шӯро дар бораи фаъолияти шўроњои назди раисони вилоятњо ва шањру ноњияњо қайд карданд, афзалияти асосии шўроњо дар он аст, ки намояндагони бахши хусусї дар муњокима, баррасї ва тањияи санадњои ќонунгузории танзимкунандаи фаъолияти соња бевосита иштирок ва мавќеи худро аз нуќтаи назари имкониятњои рушди соња иброз менамоянд.

Таъкид карда шуд, ки вобаста ба ин масъала, қарорҳои Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бењтар кардани фазои сармоягузорї ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он ирсол гардида, зарур аст, ба таъмини иҷрои он диққати ҷиддӣ дода шавад.

Соҳибкорони Хатлонзамин ба таври озод баҳри беҳбудии кор, ҳалли мушкилоташон изҳори назар намуданд.

Ҳамчунин дар ин вохурӣ як қисм соҳибкорон оид ба муҳайё кардани шароит барои тиҷорат, истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир, дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзнок бо асъори миллӣ, истеҳсоли бештари пилла ва бо ашёи хоми саноатӣ таъмин кардани корхонаи “ДУК” – и ноҳияи Шаҳритус, ҷудо кардани замин барои бунёди тутзорҳо, бо мутахассисон таъмин будани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, дастрасии соҳибкорону фурӯшандаҳо бо сертификати мутобиқати маҳсулот, ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаштани онҳо, баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашудаи корхонаи “Аввалин” — и ноҳияи Қубодиён, рушди гулпарварӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим масъалагузорӣ намуда,ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат диққати масъулинро ба ҳалли мушкилоти соҳибкорон, ҷонибдорӣ аз иқдомҳои созандаю ватанпарваронаи онҳо ҷалб намуд.

Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонишини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид таъкид намуд, ки худи соҳибкорон низ бояд аз паи ҷалби сармоягузорон шуда, дар амалигардонии лоиҳаҳо ва Барномаҳои давлатӣ саҳмгузор бошанд. Он корхонаҳоеро, ки солҳо боз фаъолият намекунанд, таҳти назорат гирифта, масъулини андоз дар ин самт бо онҳо корҳоро тақвият бахшанд ва дар ин замина мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон барои дар сатҳи баланди ватандорӣ истиқбол гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси худро гузоранд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид