22-06-2022

Ба итмом расидани марҳилаи IV-уми Барномаи “Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ”-и БРСММ дар Тоҷикистон

Имрӯз, дар шаҳри Душанбе бахшида ба итмом расидани марҳилаи IV-уми Барномаи “Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ”-и Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид.

Дар кори чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, доираи васеи соҳибкорони ватанӣ ва шарикони Барнома иштирок намуданд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Барномаҳо оид ба рушди устувори БРСММ дар Тоҷикистон оғоз намуданд.

Нахуст, муаррифнома оид ба натиҷаҳои марҳилаи IV-уми Барномаи “Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ” барои давраи 2018-2022, аз ҷумла мусоидати Барнома дар самти беҳтар намудани раванди савдо ва содироти маҳсулоти ватанӣ, беҳтар намудани раванди пешбурди фаъолияти соҳибкории бонувон, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ манзури иштирокчиён гардид.

Сипас, намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати адлия, доираи васеи ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва соҳибкорзанон оид ба нақши назарраси Барнома дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ибрози назар ва миннатдорӣ намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ наворҳои видеоӣ аз натиҷаи кори Барнома, натиҷаи фаъолияти соҳибкорон дар соҳаҳои мухталиф пешниҳоди иштирокчиён гардид. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид