02-02-2022

Ҳамоиш дар мавзӯи “Истифодаи имкониятҳои технологияи электронӣ дар рушди соҳибкорӣ”

Рӯзи 2 феврали соли 2022, дар МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” бо ташаббуси Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Истифодаи имкониятҳои технологияи электронӣ дар рушди соҳибкорӣ” ҳамоиш баргузор гардид.

Дар он намояндагони сармоягузорону соҳибкорон ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ, олимону коршиносон, ассосиатсияҳо ва созмонҳои соҳибкорӣ, мақомоти расмии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуршедаи Қодир қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ, «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 масъалаи тақвият бахшидани рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ ва ташаккул додани заминаи технологии он ба ислоҳоти соҳаи алоқа, ҳамчунин таъмин кардани гузариши тадриҷӣ ба иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳоро таъкид намуданд.

Қайд гардид, ки дар ҷумҳурӣ вобаста ба рушди тиҷорати электронӣ ва самтҳои дигари марбут ба амалисозии он тадбирҳои зарурӣ татбиқ гардида, ин раванд идома дорад.

Бо зиёд шудани шумораи ширкатҳои хусусии дар реҷаи мустақим ва бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ хизматрасонанда, бахусус дар шароити пандемияи КОВИД-19 ва пас аз он тиҷорати электронӣ мавқеи муҳиму устуворро касб намуд.

Ҳамзамон, дар ҳамкории мақомот, бахши хусусӣ ва шарикони рушд андешидани тадбирҳои зарурӣ вобаста ба масъалаҳои ба таври кофӣ танзим намудани меъёрҳо ва талаботҳои марбут ба фаъолият дар соҳаи тиҷорати электронӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.

Қайд карда шуд, ки тибқи қарори ҷаласаи 21-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ вобаста ба имкониятҳои рушди тиҷорати электронӣ дар ҷумҳурӣ таҳлилҳо гузаронида шуда, натиҷаҳои таҳлилҳо якҷо бо дигар мулоҳиза, тавсияву пешниҳодот ба ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ пешниҳод карда мешавад. Дар ин робита аз иштирокчиён, коршиносон хоҳиш карда шуд, ки тавсияву пешнҳодоти худро вобаста ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар тиҷорати электронӣ дар ҷумҳурӣ манзур намоянд.

Дар ҳамоиш мушовири иқтисодии Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сардори Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ассосиатсияи иштирокчиёни тиҷорати электронии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор ширкатҳои соҳаи тиҷорати электронӣ суханронӣ ва муаррифномаҳо манзур намуданд.

Баромадкунандагон вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи савдои электронӣ”, масъалаҳои миёнаравии иттилоотӣ дар ташкили тиҷорати электронӣ, зиёд намудани вазни қиёсии ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ байни харидорону фурушандагон дар бозори истеъмолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, саҳми сомонаҳо дар рушди тиљорати электронӣ, хариду фуруши доруворӣ тавассути электронӣ, бозори электронии масолеҳи сохтмонӣ ва ашёи рузгор, ислоҳоти андозбандӣ ва имтиёзҳо дар самти рушди тиҷорати электронӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорону сармоягузорон тавассути низоми андозбандӣ бо мақсади ҳавасмандисозии бахши хусусӣ ва саҳми онҳо дар таъмини рушди тиҷорати электронӣ назар намуданд.

Пас аз баррасии мавзуъҳо иштирокчиён, атрофи маъалаҳои матраҳшуда мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид