11-03-2022

Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Амалишавии падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳар як Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба рушди соҳибкорӣ ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Дар ҳамин замина Маркази миллии қонунгузорӣ ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ тасмим гирифтааст, ки дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ конференсияи ҷумҳуриявиро дар мавзӯи “Амалишавии падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барпо намояд.

2022_03_11_09_00_IMG_8783.JPG

Қобили зикр аст, ки бо мақсади ташкил намудани шароити мусоид барои дастгирии соҳибкорон ва таъмини иштироки онҳо дар раванди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии соҳаи соҳибкорӣ масъалаи татбиқи падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор омад.

Масъалаи мазкур аз ҷониби мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт ва бо дарназардошти таклифҳои мутахассисон Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” дар таҳрири нав бо дарназардошти консепсияи зикргардида қабул гардид, ки дар он боб бо номи “Боби 4. Хусусиятҳои банақшагирӣ, таҳия, таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад” пешбинӣ шуд.

Дар баробари он, тибқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастурамал оид ба гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ ва Тартиби пешбурди Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба амалишавии падидаи таҳлили таъсири танзимкуниро танзим менамоянд.

konfrons-dar-Dushanbe-1.jpg

Мафҳуми таҳлили таъсири танзимкуниро қонунгузор дар мазмуни зерин додааст: - дар асоси далелҳои воқеӣ муайян намудани оқибатҳои мусбат ва манфии иқтисодию иҷтимоӣ ва бо дарназардошти таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои соҳибкорон ва давлат қабул намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ. Яъне, яке аз мақсадҳои таҳлили таъсири танзимкунӣ қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо назардошти манфиатҳои соҳибкорон мебошад.

Мақсади чорабинии имрӯза бошад, ба саҳми иштирокдорони конференсия расонидани иттилоот оид ба механизми амалишавии падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар ҷумҳурӣ, шунидани фикру андешаҳои мутахассисони соҳаҳои марбута ва натиҷагирӣ аз баромадҳо мебошад.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид