01-04-2022

Мизи мудаввар таҳти унвони “Ҷанбаҳои ҳуқуқии муайянсозии мафҳуми соҳибкории занон дар таҷрибаи байналмилалӣ”

Рӯзи 31 марти соли 2022 бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва Барномаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Осиёи Марказӣ “Занҳо дар тиҷорат” мизи мудаввар таҳти унвони “Ҷанбаҳои ҳуқуқии муайянсозии мафҳуми соҳибкории занон дар таҷрибаи байналмилалӣ” ташкил ва баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси Кумита – Хуршедаи Қодир ҳусни оғоз бахшида, ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ, таҳкими бахши хусусӣ тавассути фароҳам овардани шароитҳои мусоид, татбиқи самараноки барномаҳои давлатии дастгирии соҳибкорӣ, рушди муколама ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо мақсади амалигардонии корҳо дар ин самт иброз намуданд.

IMG_5078.jpgIMG_5109.jpg

Дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Мақсади чорабинӣ муҳокимаи таҷрибаи беҳтарин ва стандарти байналмилалӣ ҷиҳати муайян кардани соҳибкории бонувон, усулҳои роҳандозию муайянсозии мафҳуми соҳибкории бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи шаклҳои татбиқи ташаббуси мазкур бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии фаъолияти соҳибкории бонувон мебошад. Дар рафти мизи мудаввар таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ вобаста ба муайянсозии мафҳуми соҳибкории бонувон, меъёрҳои стандартӣ барои муқаррар намудани соҳибкории бонувон, инчунин таҳлили муносибатҳо оид ба ҷорӣ намудани шакли якхелаи мафҳуми соҳибкории бонувон муаррифӣ гардид.

IMG_5122.jpgIMG_5165.jpg

Дар кори мизи мудаввар муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода, ҳамохангсози минтақавии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Осиёи Марказӣ Дилдора Тоҷибоева, муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода, муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод Мамадшозода, муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода бо маърӯза ва муаррифнома баромад намуданд.

IMG_5170.jpgIMG_5180.jpg

Дар фарҷоми чорабинӣ изҳори итиминон карда шуд, ки бо дарназардошти нуктаҳои зикргардида ва муҳимияти мавзуъҳои баррасишуда вобаста ба муайянсозии ҷанбаҳои ҳуқуқии соҳибкории бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор корҳоро дар самти мазкур тақвият медиҳанд.

IMG_5222.jpgIMG_5240.jpg

Пас аз баррасии мавзуъҳо иштирокчиён атрофи маъалаҳои матраҳшуда мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид