Дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, ки майдони муколамаи озоду самарабахши давлат ва бахши хусусӣ маҳсуб меёбад, дар самти беҳсозии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ислоҳоти назаррас амалӣ гардида, ҷиҳати ҳалли мушкилоти бахши хусусӣ як силсила қарорҳои дахлдори Шӯро ва Ҳукумати Тоҷикистон қабул карда шудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон