Сохтори Шӯро

sokhtor.png


Тартиби интихоби аъзои Шӯрои машваратӣ


Тартиби интихоби аъзои Шӯрои машваратӣ, аз ҳисоби намояндагони бахши хусусӣ, намояндагони ташкилотҳои донории хориҷӣ ва намояндаи  сармоягузорони хориҷӣ ба таври зерин амалӣ мегардад:

  • намояндагони соҳибкорон ва ассотсиатсияҳои соҳибкорони ватанӣ ба ҳайати Шӯрои машваратӣ дар асоси худпешбарӣ ё аз тарафи бизнес-ассотсиатсияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби соҳибкороне, ки дар ин самт фаъолияти бомуваффақият амалӣ месозанд ва таҷрибаи хубро доро мебошанд, дар баррасии масъалаҳои соҳибкорию сармоягузорӣ  ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли онҳо бештар фаъоланд,  пешниҳод мегарданд;
  • намояндагони ташкилотҳои донории хориҷӣ дар мувофиқа бо Шӯрои шарикони рушд пешниҳод ва интихоб карда мешаванд;
  • намояндаи сармоягузорони хориҷӣ ба ҳайати Шӯрои машваратӣ аз ҳисоби сармоягузорони хориҷӣ, ки дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодӣ лоиҳаҳои азими сармоягузориро татбиқ менамоянд, шомил карда мешавад;
  • ҳайати аъзои Шӯрои машваратӣ бо қарори ҷаласаи Шӯро тасдиқ карда мешаванд;
  • муҳлати ваколати аъзои Шӯрои машваратӣ аз бахши хусусӣ ду солро ташкил медиҳад;
  • ваколати аъзои Шӯрои машваратӣ метавонад пеш аз муҳлат қатъ ва ё як маротиба тамдид карда шавад;
  • аъзои Шӯрои машваратӣ танҳо ду маротиба паиҳам метавонанд дар ҳайати Шӯро ба ҳайси аъзо фаъолият намоянд;
  • собиқ аъзои Шӯрои машваратӣ бо риоя намудани бандҳои дахлдори Низомномаи мазкур метавонанд  аз нав ба аъзогии Шӯро шомил гардонида шаванд.
  • Аъзои Шӯрои машваратӣ аз ҳисоби созмонҳои байналмилалии донорӣ, сармоягузорони хориҷӣ ва сохторҳои соҳибкории ватанӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Шӯрои машваратӣ иваз карда мешаванд.

Аъзои Шӯрои машваратӣ  ҳуқуқ доранд:

  • барои таҳияи лоиҳаи рӯзномаи  кори ҷаласаи Шӯрои машваратӣ ба котиботи Шӯрои машваратӣ пешниҳод манзур намоянд;
  • дар ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ, баррасӣ кардани масъалаҳои он иштирок ва  мубодилаи афкор намоянд, бо маърӯзаҳо баромад кунанд;
  • фикру мулоҳиза ва пешниҳодоти худро дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ ва гурӯҳҳои кории вобаста ба масъалаҳои он таъсисгардида манзур намоянд;
  • дар фаъолияти гурӯҳҳои корӣ иштирок намоянд;
  • аз вазорату идораҳо ва дигар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мавод, санадҳо ва иттилоотеро, ки барои иҷрои вазифаи Шӯрои машваратӣ заруранд, дархост намоянд;
  • дар омода кардани қарорҳо ва гузаронидани мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ ширкат намоянд;
  • бо воситаи  ахбори омма оид ба инъикос намудани масъалаҳое, ки дар љаласаҳои Шӯрои машваратӣ мавриди  баррасӣ қарор дода мешаванд, ҳамкорӣ намоянд;  
  • ба котиботи Шӯрои машваратӣ барои ташкили фаъолияти он мусоидат намоянд.

Аъзои Шӯрои машваратӣ уҳдадоранд:

  • барои расидан ба ҳадафҳо ва иҷрои вазифаҳои Шӯрои машваратӣ мусоидат намоянд;
  • дар кори Шӯрои машваратӣ ва баррасии масъалаҳои муҳокимашаванда, ҳамчунин таҳияи қарорҳо фаъолона ширкат намоянд;
  • маводи дахлдорро сари вақт таҳия намуда, ба котиботи Шӯрои машваратӣ барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ ва қабули қарорҳои дахлдор пешниҳод намоянд;
  • бо супориши Шӯрои машваратӣ қарорҳои онро иҷро намоянд ва оид ба ҷараёни иҷрои онҳо ба котиботи Шӯрои машваратӣ иттилоъ диҳанд.  

Манбаъҳои муфид