Шӯроҳои минтақавӣ
Шӯроҳои минтақавӣ
Шӯроҳои маҳаллию минтақавии соҳибкорию сармоягузорӣ
Шӯроҳои маҳаллию минтақавии соҳибкорию сармоягузорӣ мақоми машваратӣ ва ҳамоҳангсози самтҳои соҳибкорию сармоягузорӣ буда, фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Раиси Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, қарорҳои Шӯрои машваратии сатҳи миллӣ ва Низомномаи Шӯрои соҳибкорию сармоягузории назди раис (он) - и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (вилояти Хатлон, вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳо) ба роҳ мемонад.
Мақсади асосии Шӯро тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ва таъмин намудани муколама ва таҳкими ҳамкориҳои давлат, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ, иштироки фаъолонаи бахши хусусӣ дар раванди баррасӣ ва қабули қарорҳо вобаста ба самти соҳибкорию сармоягузорӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, мусоидат ба ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти маҳал ва дар ин замина мусоидат намудан ба рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони минтақа, ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ иборат мебошад.
Вазифаҳои асосии Шӯро иборатанд аз:
- таъмини сатҳи баланди муколамаи доимӣ ва ҳамкориҳои давлат, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо бахши хусусӣ;
- таъмини иштироки фаъолонаи бахши хусусӣ дар раванди баррасӣ ва қабули қарорҳо, стратегияҳо, лоиҳаҳо, консепсияҳо, барномаҳои самти соҳибкорию сармоягузории минтақавӣ ва соҳавӣ, мукаммалгардонии қонунгузории амалкунанда, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сатҳи маҳал оид ба фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ;
- баррасӣ, пайгирӣ ва ҳалли пешниҳодот, масъала ва мусоидат ҷиҳати бартараф кардани монеаҳои мавҷудаи фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ;
- фароҳам овардани шароит ба ташаббускориҳои бахши хусусӣ, дастгирии ҳамаҷониба ҷиҳати татбиқи онҳо ва зиёд намудани шумораи онҳо;
- мусоидат намудан ба афзоиши шумораи шаклу намудҳои соҳибкорӣ, ҳаҷми сармоягузориҳо, бахусус сармоягузориҳои мустақим;
- мусоидат намудан ҷиҳати зиёд гардидани шумораи соҳибкорону сармоягузорон, аз ҷумла соҳибкорону сармоягузорони муваффақ;
- баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо ва шаклҳои гуногуни он бо мақомоти марбутаи давлатӣ дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ;
- баланд бардоштани сатҳи огоҳии бахши хусусӣ аз вазъ, нақшаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ қабулгардида;
- доир намудани мулоқотҳо бо намояндагони бахши хусусӣ вобаста ба мушкилоту масъалаҳо;
- мусоидати Шӯро ба бахши хусусӣ ҷиҳати аз мақомоту сохторҳои давлатӣ дархост намудани маълумот, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои дахлдор ва дастрас намудани онҳо ба бахши хусусӣ.
Асосҳои ҳуқуқӣ вобаста ба таъсиси ва фаъолияти шӯроҳои минтақавӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таҳкими раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ва минтақаҳои он, пайгирӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷорӣ, мушкилоту монеаҳои мавҷудаи соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, инчунин татбиқи қарорҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки ба ин мақсад равона гардидааст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Заминаи ҳуқуқии таъсиси Шӯроҳои минтақавию маҳаллиро моддаҳои 17 ва 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” пешбинӣ намуда, вобаста ба ин масъала дар ҷаласаҳои VII, XIV, XV, XVIII, XIX ва XX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва чорабиниҳои сатҳи олии Президенти мамлакат бо иштироки соҳибкорону сармоягузорон дастуру супоришҳои дахлдор дода шудааст.
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»:
Моддаи 17. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ
Ба ваколатҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дохил мешаванд:
- таҳия ва татбиқи барномаи ҳудудии дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ;
- таъсиси шӯроҳои ҳудудӣ оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ;
- таъмини рушди инфрасохтори дастгирии соҳибкорӣ дар мақомоти иҷроияи маҳллии ҳокимияти давлатӣ;
- муайян намудани ҳаҷми маблағҳо аз буҷети маҳаллӣ барои татбиқи барномаҳои ҳудудии рушди соҳибкорӣ;
- қабули қарорҳои дахлдор доир ба дастгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ мутобиқи барномаи ҳудудии рушди соҳибкорӣ.
Моддаи 18. Самтҳои асосии дастгирии давлатии соҳибкорӣ
Дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар самтҳои асосии зерин амалӣ мегардад:
- такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои соҳибкорӣ;
- имконияти озодона амалӣ намудани ҳамаи намудҳои соҳибкорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;
- ташкили марказҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бизнес-инкубаторҳо, паркҳои технологӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар шаклҳои инфрасохтори соҳибкорӣ;
- таъмини методию таълимӣ, илмию методӣ ва иттиллоотии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ аз ҳисоби Фонди дастгирии давлатии соҳибкорӣ;
- ташкили фаъолияти шӯроҳо оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ.
Натиҷаҳо оид ба таъсиси шӯроҳои минтақавӣ
Дар натиҷаи пайгирии масъалаи мазкур, дархости дақиқ ва мушаххаси маълумотҳо оид ба санадҳои қабулгардида ва ҳамкориҳо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва водии Рашт Шӯроҳои маҳаллию минтақавии соҳибкорию сармоягузорӣ таъсис дода шудааст.
Дар ҷаласаҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ то имрӯз:
- ду маротиба гузоришҳои Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ (ҷаласаҳои IX, аз 10 апрели соли 2012 ва XIV аз 17 ноябри соли 2014),
- ду маротиба гузоришҳои Раиси Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар кардани сармоягузорӣ (ҷаласаи X, аз 19 октябри соли 2012 ва XVIII аз 26 январи соли 2019),
- як маротиба гузориши Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкории назди Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, (ҷаласаи XI, 30 апрели соли 2013) шунида, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтару самаранок намудани фаъолияти Шӯроҳои машваратии вилоятӣ дастуру супоришҳо додаанд.
Бо мақсади таҳкими раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар минтақаҳо лоиҳаи Низомномаи намунавии Шӯрои машваратӣ оид ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузории назди раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳотаҳия ва барои тасдиқ ба Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мактуби Котиботи Шӯрои машваратӣ пешниҳод карда шуд.
Лоиҳа 22 ноябри соли 2019 ба ҷаласаи 1-уми фосилавии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ пешниҳод гардид.
Тибқи банди 8 Протоколи №3/22-23 ҷаласаи 1-уми фосилавӣ Низомномаи Шӯрои соҳибкориву сармоягузории назди раис (он) – и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (вилояти Хатлон, вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳо) таҳия ва ба мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ аз 22 сентябри соли 2020, №1-1К/2959 (шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ҳисор ва Рашт аз ҳамин сана, №1-1К/2958) ирcол карда шуд.