Ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои машваратӣ

11.06.2014

Рӯзномаи ҷаласа

1. Гузориш оид ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ.

2. Муаррифии натиҷаҳои таҳлил ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта.

3. Натиҷаҳои раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ва ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон.

4. Пешниҳоди яке аз масъалаҳои лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ.

- Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ.

Раиси Шӯро:
  Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аъзои доимии Шӯро:
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Котиби масъули Шӯро) Қодири Қосим
Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нумон Абдуҷаборов
Аъзои муваққатии Шӯро:
Намояндаи доимии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер
Сафир, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эдуард Ауер
Роҳбари ҶСК «НБО Сангтуда -1» Павел Лавров
Роҳбари Иттифоқи ассосиатсияҳои соҳибкорони вилояти Суғд Маъсуда Тюряева
Роҳбари Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон Фарҳод Акбаров
Роҳбари ҶММ «Кафолат» Музаффар Саймуддинов
Роҳбари ҶММ «К.Даврон» Баҳром Рустамов
Раиси Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон Шорауф Шораҳматов
Раиси ҶДММ “Мадина ва Ҳамкорон” Набот Додхудоева
Роҳбари ҶДММ “Ғаюр” Акбар Ғуломов
Шахсони даъватшуда:
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид
Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Фаррух Ҳамрализода
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ
Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Абдуллоева
Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯҳратҷон Мақсудзода
Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одил Ҷабборзода
Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дустмурод Муродов
Роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода
Муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрам Рӯзиев
Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Ричард Ҷонс
Роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Норимаса Шимомура
Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марша Олив
Намояндаи доимии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон Айдин Биболов
Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Си. Си. Ю
Намояндаи доимии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Штефан Эрбер
Намояндаи доимии Котиботи ҳамкориҳои Шветсария дар Тоҷикистон Питер Микула
Намояндаи доимии Бюрои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон Маркус Мюллер
Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суэта Казуя
Роҳбари Намояндагии Агентии ҳамкорӣ ва рушди Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Назим Аксой
Файл:
  Загрузить

Рӯзи 30 майи соли 2014, дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид. 

Раиси Шӯро - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XIII-уми Шӯрои машваратиро оғоз намуда, Роҳбари нави Котиботи Шӯрои машваратӣ Абдуҷаборов Нуъмон ва аъзои тозаинтихобшудаи Шӯрои машваратӣ аз ҷониби бахши хусусии ватанӣ: Роҳбари Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон - Шораҳматов Шорауф, Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мадина ва Ҳамкорон» - Додхудоева Набот ва Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» - Ғуломов Акбарро ба ҳозирин муаррифӣ карданд ва ба онҳо фаъолияти пурсамар ва барори кор орзу намуданд.

Оид ба масъалаи якум, гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қодири Қосим оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд.

Қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулин ва вазорату идораҳои муттасадӣ дар маҷмӯъ иҷро гардидаанд.

Аз ҷумла бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ Нақшаҳои чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ тасдиқ гардиданд, ки татбиқи самараноки онҳо барои рушди туризм дар ҷумҳурӣ, устувор гардидани мавқеи байналмилалӣ ва боз ҳам беҳтар шудани симои сармоягузории мамлакат мусоидат хоҳанд кард.

Бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи бахши туризм ва ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани сатҳи хизматрасонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, аз ҷониби роҳбарияти фурудгоҳ Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба мусофирон ва Одобномаи кормандони фурудгоҳ қабул гардида, корҳо дар самти азнавсозӣ ва модернизатсияи таҷҳизоти хизматрасонии фурудгоҳ идома доранд.

Аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии мақомоти гумрук дар фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат қабул карда шуд.

Инчунин аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ равзанаи алоҳида барои хизматрасонии ширкатҳои туристӣ дар Раёсати консулии Вазорат таъсис дода шуда, фаъолият намуда истодааст, ки кори ширкатҳои туристиро хеле осон ва самаранок кардааст.

Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» қабул гардида, айни замон санадҳои зерқонунӣ вобаста ба татбиқи босамари қонуни мазкур таҳия шуда истодаанд.

Оид ба мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯро, инчунин намояндаи бахши хусусӣ дар Шӯрои машваратӣ, Роҳбари ширкати «Помир Энерҷӣ» - Далер Ҷумаев ва узви Шӯро, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр баромад карданд.

Вобаста ба масъалаи мазкур Раиси Шӯро, Президенти ҷумҳурӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҷиҳати иҷрои қарорҳои Шӯро корҳои назаррас анҷом дода шуданд.

Дар баробари ин, баъзе қарорҳои қабулнамудаи Шӯро, аз ҷумла бандҳои алоҳидаи «Барномаи дастгирии ташкилотҳои сохтмонӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши сохтмон барои солҳои 2012-2014», ки дар доираи фаъолияти Шӯро қабул гардидааст, пурра иҷро нашудааст.

Инчунин зарур аст, ки фаъолияти баъзе шӯроҳои минтақавии машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷоннок карда шаванд.

Ҳамзамон дар ҷараёни татбиқи қарорҳои Шӯро дастгирии воқеии шарикони рушд басо муҳим арзёбӣ карда мешавад.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа, Вазири рушди иқтисод ва савдо - Шариф Раҳимзода баромад намуда, ҳисоботи гурӯҳи корӣ оид ба рушди бахши суғурта ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғуртаро муаррифӣ намуд.

Дар робита ба масъалаи мазкур Раиси Шӯро, Президенти ҷумҳурӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар марҳилаи нави рушди иқтисодӣ ва ташаккулёбии асосҳои ҳуқуқиву иқтисодии танзими фаъолияти суғуртавӣ қарор дорад. Аз ин лиҳоз, итминон карда шуд, ки дар муддати кӯтоҳ дар ҷумҳурии мо низ барои ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами фаъолияти суғуртавӣ заминаҳои мусоид муҳайё карда мешаванд.

Оид ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа, Муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ - Раҳмон Озода Эмомалӣ ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон - Абдуҷаббор Ширинов баромад намуда, нисбати натиҷаҳои раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ва ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон гузориш доданд.

Вобаста ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Котиби масъули Шӯро - Қодири Қосим ахборот дода, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллиро барои баррасӣ ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзои Шӯрои машваратӣ дастгирӣ ёфт.

Аз Раиси Шӯро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шуд, ки ҷиҳати аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ бо дастгирии шарикони рушд таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба таҳлили масъалаи мазкур дастур дода шавад.

Инчунин дар муҳокима ва баҳсу мунозираҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасишуда аъзои Шӯро, Роҳбари Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон - Фарҳод Акбаров, Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон - Марша Олив, Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣдар Тоҷикистон - Кристофер Миллер иштирок намуда, фикру пешниҳодҳои муфид иброз намуданд.

Протоколи ҷаласа



Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид