Ҷаласаи чордаҳуми Шӯрои машваратӣ

26.11.2014

Рӯзномаи ҷаласа

1. Гузориш оид ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ.

2. Дар бораи фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон.

3. Оид ба татбиқи Барномаи дастгирии ташкилотҳои сохтмонӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2012-2014.

4. Муаррифии натиҷаҳои таҳлил оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ дар Тоҷикистон.

5. Дар бораи лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ (агробизнес) дар Тоҷикистон. 


Раиси Шӯро:
 

Эмомалӣ Раҳмон



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои доимии Шӯро:
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода
Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим
Роҳбари Котиботи Шўрои машваратӣ Нуъмон Абдуҷаборов
Аъзои муваққатии Шӯро:
Намояндаи доимии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер
Сафир, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидает Бишчевич
Роҳбари ҶСК «НБО Сангтуда -1» Павел Лавров
Раиси Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон Шорауф Шораҳматов
Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кафолат» Музаффар Саймуддинов
Раиси ҶДММ “Мадина ва Ҳамкорон” Набот Додхудоева
Роҳбари ҶДММ “Ғаюр” Акбар Ғуломов
Роҳбари Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон Фарҳод Акбаров
Шахсони даъватшуда:
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Фаррух Ҳамрализода
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов
Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар
Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Комилзода
Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов
Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ
Роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Кабирҷон Ҷӯразода
Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯҳратҷон Мақсудзода
Муовини Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ
Садори Раёсати протоколи давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермаҳмад Ниёзов
Роҳбари Ассосиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон Изатулло Лалбеков
Роҳбари «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» Шералиев Шараф
Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Сума Чакрабарти
Муовини Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Ханна Мидли Робертс
Мушовири калони БАТР оид ба масъалаҳои сиёсӣ Махир Бабаев
Директори БАТР дар Осиёи Марказӣ Масару Хонма
Директори БАТР оид ба ФР, Белорусия ва Тоҷикистон Денис Морозов
Роҳбари хадамоти амниятии БАТР Ли Андерсон
Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Ричард Ҷонс
Роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Норимаса Шимомура
Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Патрисиа Ввивер-Картер
Муовини Сардори Шуъбаи Департаменти Осиёи Марказии Хазинаи Байналмилалии Асъор Ҷонатан Дан
Намояндаи доимии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон Айдин Биболов
Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Си. Си. Ю
и.в. Намояндаи доимии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Йенс Элснер
Намояндаи доимии Котиботи ҳамкориҳои Шветсария дар Тоҷикистон Питер Микула
Намояндаи доимии Бюрои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон Маркус Мюллер
и.в. Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сузуки Казуя
Роҳбари Намояндагии Агентии ҳамкорӣ ва рушди Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустафа Бютюн
Директори кули ширкати Шивер Тоҷикистон Фредерик Лоб
Файл:
  Загрузить

17 ноябри соли 2014, дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи чордаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Қабл аз оғози ҷаласа, Раиси Шӯрои машваратӣ, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаноби Сума Чакрабарти - Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро, ки дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои машваратӣ ширкат кард, хайрамақдам гуфта, нақши Бонки мазкурро дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва лоиҳаҳои инфрасохторӣ баланд арзёбӣ намуд.

Сипас ҷаноби Сума Чакрабарти - Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баромад намуда, оид ба нақши минбаъдаи Бонк дар рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ва беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи бомароми як қатор лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, молия, таҷдиди роҳҳо, тиҷорат ва дастгирии бахши хусусӣ суханронӣ намуд.

Дар ҷаласа гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қодири Қосим оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Қайд карда шуд, ки қарорҳои дар ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои машваратӣ қабулгардида ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта, ташкил ва гузаронидани мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон, ба анҷом расонидани расмиёти шомилшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага, ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ, рушди саноат ва истеҳсолоти миллӣ равона шуда буданд.

Аз ҷумла, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта мукаммал ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод шуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» дар таҳрири нав таҳия гардида истодааст, ки барои рушди бахши суғурта дар ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Вобаста ба шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961, санаи 29 октябр Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Конвенсияи мазкурро ба тасвиб расонд, ки ин барои ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад намуд.

Бо мақсади ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон бо агентиҳои рейтингии бонуфузи ҷаҳонӣ Standard & Poor’s ва Moody’s ҳамкориҳо ба роҳ монда, аз рӯи натиҷаҳои он моҳи декабри соли ҷорӣ лоиҳаи хулоса ва натиҷаи минбаъдаи корӣ ҷиҳати пешниҳоди рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон манзур мегардад.

Вобаста ба мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯро инчунин намояндаи бахши хусусӣ дар Шӯрои машваратӣ, Роҳбари Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон Шораҳматов Шорауф ва узви Шӯро, Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон, Кристофер Миллер баромад карданд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа маърӯзаи Раиси Шӯрои машваратии минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар вилояти Хатлон - Давлатшо Гулмаҳмадзода дар бораи фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар вилояти Хатлон шунида шуд.

Оид ба масъалаи сеюми рузномаи ҷаласа Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Тоҷикистон - Абдувалӣ Комилзода баромад намуда, вобаста ба рафти татбиқи Барномаи дастгирии ташкилотҳои сохтмонӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши сохтмон барои солҳои 2012-2014 гузориш дод.

Оид ба масъалаи чоруми рӯзномаи ҷаласа, Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон - Абдуҷаббор Ширинов баромад намуда, ҷиҳати натиҷаҳои фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қимматнок ва ташкили биржаи фондӣ гузориш дод. Аз ҷумла, дар ҷаласа ҳисоботи гурӯҳи корӣ бо тавсияҳои мушаххас ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қимматнок ва биржаҳои фондӣ муаррифӣ карда шуд.

Инчунин ҷиҳати масъалаи мазкур Роҳбари Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Изатулло Лалбеков баромад намуда, оид ба нақши бахши хусусӣ дар рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ ибрози назар кард.

Нисбат ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа Котиби масъули Шӯро – Қодири Қосим маълумот дода, барои баррасӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ (агробизнес) дар Тоҷикистонро пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзоёни Шӯрои машваратӣ дастгирӣ ёфт.

Дар хотимаи ҷаласа суханронии ҷамъбастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида, дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд. 

Протоколи ҷаласа



Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид