Ҷаласаи понздаҳуми Шӯрои машваратӣ

07.10.2015

Рӯзномаи ҷаласа

1. Гузориш оид ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ .

2. Муаррифии натиҷаҳои таҳлил ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ .

3. Пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ » дар таҳрири нав.

4. Дар бораи лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ .

- Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши энергетика ва таъмини мунтазами истеҳсолот бо қувваи барқ. 


Аъзои доимии Шӯро:
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода
Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим
Роҳбари Котиботи Шўрои машваратӣ Нуъмон Абдуҷаборов
Аъзои муваққатии Шӯро:
Намояндаи доимии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер
Атташе, Роҳбари Барномаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Микеле Кримелле
Роҳбари ҶСК «НБО Сангтуда -1» Павел Лавров
Раиси Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон Шорауф Шораҳматов
Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кафолат» Музаффар Саймуддинов
Раиси ҶДММ “Мадина ва Ҳамкорон” Набот Додхудоева
Роҳбари ҶДММ “Ғаюр” Акбар Ғуломов
Роҳбари Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон Фарҳод Акбаров
Шахсони даъватшуда:
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Фаррух Ҳамрализода
Реферанти калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов
Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Ятимзода
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Ҷумазода
Раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” Рустам Раҳматзода
Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лочин Файзуллозода
Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ
Роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода
Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азиззода
Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одилҷон Ҷабборзода
Муовини Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ
Муовини Сардори Раёсати инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Ҳабибов
Роҳбари ҶДММ Корхонаи маъдантозакунии “Анзоб” Холназар Холиқов
Муовини Роҳбари Ассосиатсияи корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон, Роҳбари ҶДММ “Нафиса” Абдулло Муҳаммадиев
РМуассиси ҶДММ “Амирӣ” Абдураҳмон Ғайбуллозода
Роҳбари ҶДММ “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” Акмал Ҳомидов
Роҳбари ҶСП “Олим Текстайл” Ҷамшед Каримов
Роҳбари ширкати “Шивер Тоҷикистон” Фредерик Лоббе
Роҳбари Намояндагии Ширкати “Кока Кола Ичечек” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустафа Метен
Директори амалиётии ширкати “Кока-Кола нушокиҳои Тоҷикистон” Озкан Дайи
Раиси Шўрои директорони КВД “ТАЛКО” Шералӣ Кабиров
Директори кулли ҶДММ “Ширкати саноати кўҳии Тоҷикистону Хитой Зарнисор” Ян Чжи Сай
Муовини директори ҶДММ “Ширкати саноати кўҳии Тоҷикистону Хитой Зарнисор Мирзафар Зарипов
Роҳбари Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ” Иброҳим Усмонзода
Директори КВД “Тоҷинвест” Некруй Забирзода
Роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Норимаса Шимомура
Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисиа Ввивер Картер
Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Си. Си. Ю
Патрисиа Ввивер Картер
Намояндаи доимии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон Боб Леверингтон
Намояндаи доимии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Карл Хейнс Франк
Роҳбари Барномаи рушди бахши хусусии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Ҳаген Этнер
Муовини Намояндаи доимии Котиботи ҳамкориҳои Шветсария дар Тоҷикистон Натали Барбанчо
Корманди калони иҷроияи Намояндаи доимии Бюрои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Шон Макгриви
Роҳбари Намояндагии Бонки Авруосиёгии рушд дар Тоҷикистон Рашид Кадиров
Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Манижа Мамаднабиева
Иқтисодчии Намояндагии доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон Баҳром Зияев
Муовини Намояндаи доимии барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Боймурод Бобоҷонов
Файл:
  Загрузить

07 августи соли 2015, дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Қоҳир Расулзода ҷаласаи понздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Нахуст дар ҷаласа гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қодири Қосим оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Қайд карда шуд, ки қарорҳои дар ҷаласаи чордаҳуми Шӯрои машваратӣ қабулгардида ба рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, ҷалби бештари сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилояти Хатлон ва тақвият бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар минтақаҳо, соддаву осон намудани тартиби ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони корхонаҳои саноатӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ, ҳарчӣ зудтар ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягона» барои гирифтани иҷозати корҳои сохтмонӣ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ равона шуда буданд.

Аз ҷумла Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта тасдиқ ва ҷиҳати идомаи ислоҳот дар ин самт аз ҷониби гуруҳи корӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» дар таҳрири нав бо назардошти талаботи меъёрҳои байналмилалии суғурта ва тавсияҳои коршиносони байналмилалии соҳа таҳия гардида, ба баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд.

Бо мақсади рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, Ҷамъияти саҳомии пушидаи “Биржаи фондии Осиёи Марказӣ” ба сифати биржаи фондӣ тавассути низоми “Равзанаи ягона” ба қайд гирифта шуда, айни замон масъалаҳои ташкили инфрасохтори биржа бо назардошти таъминоти он бо таҷҳизоти компютерии муосир ва барномаҳои байналмилалии автоматикунонии ҷараёни хариду фуруши қоғазҳои қиматнок ҳал шуда истодаанд.

Барои баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва мусоидат ба содироткунандагони маҳсулоти ватанӣ дар назди Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Бюрои миллии хизматрасонӣ ҷиҳати фаҳмондадиҳии талаботи техникии тиҷорат ва меъёрҳои санитарию фитосанитарӣ таъсис дода шуд, ки фаъолияти он ба расонидани кумак ҷиҳати дастрас намудани маълумот оид ба меъёрҳои танзими техникӣ, стандартҳо, расмиёти мувофиқнамоӣ ба талаботи санитарию фитосанитарӣ дар бозорҳои беруна равона карда шудааст.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шавкат Бобозода баромад намуда, ҷиҳати натиҷаҳои фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ гузориш дод. Аз ҷумла дар ҷаласа ҳисоботи гурӯҳи корӣ бо тавсияҳои мушаххас ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ муаррифӣ карда шуд.

Оид ба масъалаи сеюми рузномаи ҷаласа Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодири Қосим лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» дар таҳрири навро барои баррасӣ пешниҳод намуд. Зикр карда шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат зимни мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорон аз 14 октябри соли 2014 ва ҳамзамон ҷиҳати бештар мусоид намудани фазои сармоягузорӣ ва мутобиқ намудани қонунгузории амалкунанда ба талаботи замони муосир таҳия гардидааст.

Нисбат ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа Котиби масъули Шӯро – Қодири Қосим маълумот дода, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши энергетика ва таъмини мунтазами истеҳсолот бо қувваи барқро барои баррасӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзои Шӯро дастгирӣ ёфт.

Вобаста ба масъалаҳои дахлдори ҷаласа инчунин намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд Роҳбари Намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон – Боб Леверингтон,Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон – Си. Си. Ю, Роҳбари Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон - Акбаров Фарҳод, Роҳбари ҶДММ Корхонаи саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой “Зарнисор” - Ян Чжи Сай, Роҳбари ҶДММ “Нафиса” – Муҳаммадиев Абдулло, Муассиси ҶДММ “Амирӣ” – Ғайбуллозода Абдураҳмон ва дигарон мулоҳизаҳои худро иброз намуданд.

Дар хотимаи ҷаласа суханронии ҷамъбастии Савазири Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд. 

Протоколи ҷаласа



Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид