Ҷаласаи шонздаҳуми Шӯрои машваратӣ

Рӯзномаи

ҷаласаи шонздаҳуми Шурои машваратии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани

фазои сармоягузорӣ

12 апрели соли 2016, соати 10:00

1. Гузориш оид ба рафти иҷрои қарорҳои Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ .

Баромадкунандагон:

  • Қодири Қосим, Котиби масъули Шуро

  • Набот Додхудоева, намояндаи бахши хусусӣ дар Шуро, Роҳбари ҶДММ «Мадина ва ҳамкорон»

  • Ричард Ҷонс, Намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон

2. Муаррифии натиҷаҳои таҳлил ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ.

Баромадкунандагон:

  • Изатулло Сатторӣ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Шорауф Шораҳматов, Раиси Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон

  • Виорел Гютсу, Роҳбари Намояндагии Барномаи озуқавориӣ ва кишоварзии СММ

3. Гузориш оид ба натиҷаҳои таҳлили пешакии мушкилиҳои низоми андозбандӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо.

Баромадкунанда:

  • Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Дар бораи лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шурои машваратӣ .

- Беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар соҳаи нақлиёт.

Баромадкунанда:

  • Қодири Қосим, Котиби масъули Шуро

Аъзои доимии Шӯро:
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода
Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим
Роҳбари Котиботи Шўрои машваратӣ Нуъмон Абдуғаффорзода
Аъзои муваққатии Шӯро:
Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳидает Бишчевич
Роҳбари ҶСК «НБО Сангтуда -1» Павел Лавров
Раиси Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон Шорауф Шораҳматов
Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кафолат» Музаффар Саймуддинов
Раиси ҶДММ “Мадина ва Ҳамкорон” Набот Додхудоева
Шахсони даъватшуда:
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Фаррух Ҳамрализода
Муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода
Реферанти калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Раҳбар
Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб
Директори Агентии “Тоҷикстандарт” Қурбониён Ибодулло Карим
Директори КВДҶ “Тоҷикагролизинг” Акрамзода Юсуф Акрам
Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ
Мудири Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақсудҷон Маҳкамзода
Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азиззода
Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ
Сардори Раёсати кишоварзӣ ва муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиризода Ҷалил Сафар
Директори МД “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ” Исфандиёр Усмонзода
Раиси Ассосиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) Тоҷикистон Азизбек Шарипов
Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, Роҳбари Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд Си. Си. Ю
Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Александр Зуев
Намояндаи доимии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Ричард Ҷонс
Сариқтисодчии Намояндагии доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марина Баканова
Намояндаи доимии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон Питер Фернандес Карди
Намояндаи доимии Бюрои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Маркус Мюллер
Роҳбари Намояндагии Бонки Авруосиёгии рушд дар Тоҷикистон Рашид Кадиров
Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Манижа Мамаднабиева
Намояндагии доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон Айдин Биболов
Роҳбари Намояндагии Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон Виорел Гютсу
Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Киёши Ишии
Роҳбари Бонки рушди “KfW” дар Тоҷикистон, муовини Роҳбари Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд Кристин Лаабс
Файл:
  Загрузить

Рӯзи 12 апрели соли 2016 таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ҷаласаи шонздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

DSC_0041-1.jpg

Нахуст дар ҷаласа гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим оид ба мониторинги иҷрои қарорҳои қаблии Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Қайд карда шуд, ки қарорҳои дар ҷаласаи понздаҳуми Шӯро қабулгардида ба рушди соҳаҳои саноат ва истеҳсолоти миллӣ, паст кардани арзиши аслӣ ва содироти маҳсулоти рақобатпазир, таъмини истеҳсолот бо қувваи барқ, рушди бозори суғурта, баррасии саривақтии муроҷиатҳои соҳибкорон, рушди бемайлони соҳибкориву сармоягузорӣ ва таҷлили “Рӯзи соҳибкор” равона шуда буданд.

Иттилоъ дода шуд, ки нахустин солгарди “Рӯзи соҳибкор” бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 14 октябри соли 2015 бо доир намудани як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони “Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор” таҷлил гардид.

DSC_0054.jpg

Котиби масъули Шӯро Қодири Қосим қайд намуд, ки дар доираи иҷрои қарорҳои Шӯро, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ”, “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, ки бо истифода аз таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ таҳия шудаанд, қабул гардиданд.

Тавре қайд гардид, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди исеҳсолоти миллӣ мукаммал карда шуда, дар мувофиқа бо вазорату идораҳо ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шудааст. Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва тиҷорати аграрӣ дар назди Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ фаъолияти худро ҷамъбаст намуда, натиҷаҳои он бо таҳлилҳои мушаххас ва тавсияҳо, инчунин лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва тиҷорати гарарӣ ба ҷаласаи имрӯзаи Шӯро пешниҳод шудааст.

DSC_0115.jpg

Вобаста ба масъалаи мазкур инчунин намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд баромад намуданд.

Роҳбари ҶДММ «Мадина ва ҳамкорон» - Набот Додхудоева оид ба татбиқи бахши хусусӣ дар иҷрои супоришҳои протоколии ҷаласаҳои қаблии Шӯро, таъсиси ҷойҳои нави корӣ тавассути ба таври васеъ ба роҳ мондани соҳибкории истеҳсолии хурду миёна бо истифодаи ашёи хоми ватанӣ, азхудкунии сарватҳои табиӣ ва истеҳсоли моли ниҳоӣ аз онҳо, пурра ба коркард фаро гирифтани меваю сабзавоти дар кишвар истеҳсолшаванда мулоҳизаҳои худро баён намуд.

Намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон (БАТР) Ричард Ҷонс дар баромади худ ба фаъолияти Шӯрои машваратӣ, ҳамчун майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар гузаронидани ислоҳоти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ баҳои баланд дод. Ҳамчунин саҳми БАТР дар самти дастгирии бахши хусусӣ, маблаѓгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла соҳаҳои энергетика, саноат ва молия қайд карда шуд.

DSC_0117.jpg

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Изатулло Сатторӣ баромад намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти Гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ гузориш дод. Аз ҷумла ҳисоботи гурӯҳи корӣ бо тавсияҳои мушаххас ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ муаррифӣ карда шуд.

Намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд низ дар ин робита ибрози назар намуданд.

Роҳбари Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон Шораҳматов Ш. дар баромади худ оид ба як қатор масъалаҳои соҳа ибрози назар намуд. Аз ҷумла вобаста ба лоиҳаи Дастурамал дар бораи баҳисобгирии муҳосибавӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и хурд, миёна ва калон қайд карда шуд, ки ҷорӣ намудани он фаъолияти хоҷагиҳои деҳқониро боз ҳам мушкил гардонида, ба самаранокии фаъолияти кишоварзӣ таъсисри манфӣ мерасонад. Ҳуҷҷати мазкур хароҷотҳои иловагиро ба миён оварда, таваҷҷуҳи соҳибкорон ва сармоягузоронро ба фаъолияти кишоварзӣ коҳиш хоҳад дод.

DSC_0134.jpg

Ҳамчунин дар баромад масъалаҳои вобаста ба рушди тиҷорати аграрӣ, рушди бозори тухмиҳо, коҳиш додани касалиҳои растаниҳо ва дастрасии васеъ ба захираҳои қарзӣ дар соҳаи кишоварзӣ таъкид карда шуд.

Роҳбари Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Виорел Гуту,зарурати гузаронидани ислоҳоти кишоварзиро дар алоқамандӣ бо занҷираи арзиши иловашуда, ҷорӣ намудани ҳавасмандгардонӣ ва васеъ намудани хизматрасониҳои таъмини техникӣ барои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таҳкими системаи амнияти миллии озуқаворӣ, таҷҳизот ва суғуртаи кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард қайд намуд.

Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон,Неъматулло Ҳикматуллозода баромад намуда, оид ба натиҷаҳои таҳлили пешакии мушкилиҳои низоми андозбандӣ ва роҳҳои ҳалли он гузориш дод.

Дар ин замина бо мақсади таъмини рушди бемайлони фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ як қатор тавсияҳо ҷиҳати беҳтар намудани сиёсати андоз ва маъмурикунонии он пешниҳод гардид.

DSC_0162.jpg

Муовини Роҳбари Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Роҳбари Бонки KFW дар Тоҷикистон Кристин Лаабс баррасӣ ва пайгирии масъалаи мазкурро муҳим арзёбӣ намуда, омодагии шарикони рушдро барои дастгирии гузаронидани таҳлилҳои дақиқ, пешниҳоду тавсияҳо ва татбиқи ислоҳотҳои мазкур иброз намуд.

Нисбат ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа Котиби масъули Шӯро – Қодири Қосим маълумот дода, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар соҳаи нақлиётро барои баррасӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзои Шӯро дастгирӣ ёфт.

Вобаста ба масъалаҳои дахлдори ҷаласа инчунин намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд баромад намуданд.

Дар хотимаи ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида дастуру супоришҳои дахлдор дод. 

Протоколи ҷаласа



Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид