Ҷаласаи ҳабдаҳуми Шӯрои машваратӣ

09.03.2017

Рӯзномаи

ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои машваратии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани

фазои сармоягузорӣ

«30» январи соли 2017, соати 10:00

 1. Гузориш оид ба рафти иҷрои қарорҳои Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар  намудани фазои сармоягузорӣ.

 2. Муаррифии натиҷаҳои таҳлил ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи  энергетика ва таъмини бахши хусусӣ бо неруи энергетикӣ.

 3. Гузориш оид ба рафти татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои  сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ.

 4. Дар бораи лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шурои машваратӣ.

   - Беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши бонкдорӣ ва молия;

  - Муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон. 

Раиси Шӯро:
  Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои доимии Шӯро:
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода
Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода
Роҳбари Котиботи Шўрои машваратӣ Нуъмон Абдуғаффорзода
Аъзои муваққатии Шӯро:
Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳидает Бишчевич
Роҳбари ҶСК «НБО Сангтуда -1» Павел Лавров
Роҳбари ҶДММ “Ғаюр” Акбар Ғуломов
Раиси Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон Шорауф Шораҳматов
Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кафолат» Музаффар Саймуддинов
Роҳбари ҶДММ “Мадина ва Ҳамкорон” Набот Додхудоева
Шахсони даъватшуда:
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ
Реферанти калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов
Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода
Директори ШСХК “Барқи Тоҷик” Мирзо Исмоилзода
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб
Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ
Роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода
Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азиззода
Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ
Сардори Раёсати инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Ҳокимзода
Директори МД “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ” Исфандиёр Усмонзода
Директори КВД “Тоҷинвест” Некруй Забирзода
Директори кулли ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исмат Абдуллозода
Роҳбари Ассосиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон Рафиқа Мусоева
Роҳбари ҶДММ «Барқ сохтмон лоиҳакаш» Комилҷон Иброҳимов
Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд Патрисиа Ввиверс Картер
Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Пратибха Меҳта
Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Ян Харфст
Директори минтақавии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Нели Маккейн
Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Си. Си. Ю
Намояндаи доимии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон Питер Фернандес Карди
Намояндаи доимии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Карл Хейнс Франк
Намояндаи доимии Котиботи ҳамкориҳои Шветсария дар Тоҷикистон Валбурга Роос
Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Манижа Мамаднабиева
Намояндагии доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон Юрий Соболев
Роҳбари Намояндагии Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон Виорел Гютсу
Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Киёши Ишии
Роҳбари Бонки рушди “KfW” дар Тоҷикистон, муовини Роҳбари Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд Кристин Лаабс
Роҳбари Барномаи Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ Мадина Нурматова
Файл:
  Загрузить

Имрӯз, таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XVII Шуро баргузор гардид.

16265492_1324946110908905_949927119766895968_n.jpg

Дар ҷаласа аъзои Шурои машваратӣ, намояндагони бахши хусусӣ, вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок намуданд.

16298999_1324944820909034_2011338283550395932_n.jpg

Дар оғози ҷаласа гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор оид ба мониторинги иҷрои қарорҳои қаблии Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Қайд гардид, ки қарорҳои дар ҷаласаи шонздаҳуми Шӯро қабулгардида ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ, таҳлили низоми андозбандии фаъолияти соҳибкорӣ, таблиѓоти бештари маҳсулоти ватанӣ тариқи васоити ахбори омма ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои байналмилалии ҷумҳурӣ равона шуда, дар маҷмуъ иҷро гардиданд.

16265745_1324941860909330_2547167723626130614_n.jpg

Бо мақсади амалисозии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ва “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” дар таҳрири нав, ки бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ қабул гардидааст, як қатор санадҳои зерқонунӣ таҳия ва мавриди иҷро қарор дода шуданд.

Тибқи қонун “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”, Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти санҷишӣ таъсис дода шуда, ҷаласаи нахустини он баргузор гардид. Дар идомаи ислоҳоти низоми андозбандӣ ҷиҳати боз ҳам мусоид намудани шароити пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, як қатор сабукиҳои андозӣ қабул гардиданд.

16265184_1324945390908977_2530815409320032851_n.jpg

Бо қарори Ҳукумати мамлакат Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ барои солҳои 2016-2018, аз 27 июли соли 2016, тасдиқ гардид.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода баромад намуда, роҷеъ ба натиҷаҳои таҳлили беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетика ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо дар ин самт гузориш дод.

16427236_1324946697575513_3839741508099722926_n.jpg

Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сйёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода Аҳтам Рустам, оид ба рафти амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ гузориш дод.

16388377_1324947400908776_896846971348327460_n.jpg

Нисбат ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор маълумот дода, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши бонкдориву молия ва муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкоронро барои баррасӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзои Шӯро дастгирӣ ёфт.

16265384_1324945937575589_3376214463132390278_n.jpg

Дар муҳокима ва баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, узви Шӯро аз ҷониби бахши хусусӣ, Роҳбари ҶДММ “Кафолат” Музаффар Саймуддинов, Роҳбари ҶДММ «Барқ сохтмон лоиҳакаш», Комилҷон Иброҳимов, Намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон, Си.Си.Ю ва дигарон баромад намуда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.

16265976_1324942394242610_2589384888869828825_n.jpg

Зимни баррасии масъалаҳо, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба амалӣ намудани як қатор тадбирҳо дар самти рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ, коҳиш додани воридот ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, инчунин нақши неруи созандаи бахши хусусӣ дар рушди иқтисодии мамлакат ибрози назар намуданд.

16299027_1324944507575732_7552374986326341266_n.jpg

Дар ин робита масъалаҳои рушди бемайлони технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва истифодаи самараноки он дар рушди иқтисодиёти мамлакат, истифодаи самарабахши нерӯи барқ ҳамчун марҳилаи навбатии ҳадафи стратегии мамлакат дар доираи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, муҳайё намудани шароити беҳтар барои рушди ҳунармандӣ ва дастгирии ҳунармандон, инчунин масъалаҳои дигари ҷаласа қайд гардида, зарурати вусъат бахшидани корҳо дар самтҳои зикршуда таъкид карда шуд.

16265626_1324946530908863_964458986816227844_n.jpg

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида дастуру супоришҳои дахлдор доданд.


Протоколи ҷаласа



Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид