Ҷаласаи ҳаждаҳуми Шӯрои машваратӣ
Рӯзномаи
ҷаласаи XVIII Шӯрои машваратии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани
фазои сармоягузорӣ
26 январи соли 2018, соати 09:00_
1. Гузориш оид ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ.
Баромадкунандагон:
- Ҳамрализода Фаррух, Котиби масъули Шӯрои
машваратӣ;
- Кристин Лаабс, Роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд;
- Айтен Рустамова, Роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон;
- Давлатов Суҳроб, Директори ҶДММ “Корпоратсияи Моҳии Тоҷик”;
- Зеваршои Рустам, Директори кооперативи “Зиндагӣ”.
2. Муаррифии натиҷаҳои таҳлил ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика.
Баромадкунандагон:
- Худоёр Худоёрзода, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Прадип Шривастава, Роҳбари Намояндагии Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон;
- Танабэ Ҳидеки, Намояндаи Агентӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон;
-Абдумумин Абдусамадов, Раиси ҶДММ “Тоҷиквнештранс”.
3. Гузориш дар бораи фаъолияти Шӯрои минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди раиси вилояти Суғд.
Баромадкунанда:
- Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси вилояти Суғд
4. Муаррифии натиҷаҳои таҳлил ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши бонкдорӣ ва молия.
Баромадкунандагон:
- Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон;
- Рамеш Худоиев, Раиси ҶСК “Казкоммерсбонк”;
- Алишер Шерназаров, Директори ҶСK “Биржаи Осиёи Марказӣ”.
5. Дар бораи лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ.
Беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши маориф ва илм;
Муаррифии таҳлили масъалаҳои низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшаванда.
Баромадкунанда:
- Ҳамрализода Фаррух, Котиби масъули Шӯро
Раиси Шӯро: | |
Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
|
Аъзои доимии Шӯро: | |
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон | Қоҳир Расулзода |
Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон | Фаррух Ҳамрализода |
Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ | Шараф Шерализода |
Аъзои муваққатии Шӯро: | |
Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон | Прадип Шривастава |
Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон | Ҳидеки Танабе |
Директори ҶСП | Азамат Қосимов |
Раиси Иттифоқи Ҳунармандони Тоҷикистон | Нигина Икромова |
Директори ҶДММ | Исломиддин Ҳакимов |
Директори ҶДММ | Суҳроб Давлатов |
Роҳбари ҶСК | Одина Бозоралӣ |
Директори ҶДММ | Искандар Орифов |
Директори ҶДММ | Мирзоқодир Бақоев |
Директори ҶДММ | Равзанабону Негматуллоева |
Директори ассотсиатсияи сайёҳии Экофарҳангии Помир (АСЭФП) | Асадшо Зоолшоев |
Директори кооперативи | Зеваршои Рустам |
Мудири махсуси ҶСП | Тақдир Шарипов |
Директори ҶДММ | Акмал Ҳомидов |
Директори ҶДММ | Абдулло Ҳасанов |
Директори ҶДММ | Асомуддин Ризоев |
Корпоратсияи давлатии Русал | Тсиркалюк Татьяна |
Шахсони даъватшуда: | |
Муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон | Дилшод Исматуллозода |
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ | Ашурбой Солеҳзода |
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ | Маҳмадалӣ Ватанзода |
Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон | Шариф Раҳимзода |
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон | Рустам Шоҳмурод |
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон | Сироҷиддин Аслов |
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон | Неъматулло Ҳикматуллозода |
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон | Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор |
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон | Усмоналӣ Усмонзода |
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон | Худоёр Худоёрзода |
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон | Ҷамшед Нурмаҳмадзода |
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон | Нусратулло Давлатзода |
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон | Нумон Абдуғаффорзода |
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон | Хуршед Каримзода |
Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон | Абдумаҷид Муминзод |
Раиси вилояти Суғд | Раҷаббой Аҳмадзода |
Муовини якуми Раис – Фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Қумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон | Раҷабалӣ Раҳмоналӣ |
Роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон | Абдуфаттоҳ Шарифзода |
Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон | Юсуф Маҷидӣ |
Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон | Нигина Анварӣ |
Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон | Пратибха Меҳта |
Намояндаи доимии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон | Айтен Рустамова |
Бонкдори пешбари Намояндагии доимии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон | Ҷамшед Раҳмонбердиев |
Бонкдори пешбари Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон | Вероника Кракович |
Машваратчии пешбари Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон | Весселина Ҳаралампиева |
Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон | Ҳидает Бишчевич |
Намояндаи доимии Котиботи ҳамкориҳои Швейтсария дар Тоҷикистон | Валбурга Рус |
Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон | Манижа Мамаднабиева |
Роҳбари Бонки рушди “KfW” дар Тоҷикистон, Раиси Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд | Кристин Лаабс |
Роҳбари Намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон | Питер Фернандес Карди |
Роҳбари Намояндагии Доимии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон | Бернадед Ной |
Роҳбари Намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон | Рашид Кадиров |
Роҳбари Намояндагии ЮСАИД дар Тоҷикистон | Кэтрин Кроуфорд |
Ҳамоҳансози Сарраёсати агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) | Тарик Мете |
Муовини Намояндаи доимии Котиботи ҳамкориҳои Швейтсария дар Тоҷикистон | Коррин Деманж |
Муовини Роҳбари Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон | Саня Боянич |
Роҳбари шуъбаи идораи лоиҳаҳои Бонки рушди Осиё | Раза Фаррух |
Иқтисодчии Намояндагии доимии Хазинаи байналмилалии асъор | Наиля Менлашева |
Файл: | |
Загрузить |
Рӯзи 26 январи соли 2018 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XVIII Шӯро баргузор гардид.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро оғоз намуда, нахуст, Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳамрализода Фаррух, Роҳбари Намояндагии бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - хонум Айтен Рустамова, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ - Шерализода Шараф ва аъзои нави Шӯрои машваратиро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд.
Сипас, оид ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа, рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух шунида шуд.
Дар ин робита оид ба тасдиқи Методологияи нави тарифӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2017 ва аз моҳи октябри соли сипаришуда мавриди амал қарор гирифтани он, устуворшавии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ, соли 2017 то ба 52% коҳиш ёфтани шумораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор нисбат ба соли 2016, моҳи августи соли 2017 дар сатҳи "B3 – рушди устувор" муқаррар шудани рейтинги кредитии соҳибихтёрии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии рейтингии байналмилалии Moody's Investors Service ва Агентии Standard and Poors иттилоъ дода шуд.
Масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа ба таҳлили беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои нақлиёт ва логистика ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо дар ин самт бахшида шуда, вобаста ба натиҷаҳои он гузориши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр шунида шуд.
Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, дар бораи фаъолияти Шӯрои минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Раиси вилояти Суғд гузориш дод.
Тибқи банди чоруми рӯзномаи ҷаласа натиҷаҳои таҳлил ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши бонкдорӣ ва молияро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода муаррифӣ намуд.
Оид ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамрализода Фаррух баромад карда, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши маориф ва илм, инчунин муаррифии таҳлили масъалаҳои низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшавандаро барои баррасӣ ба ҷаласаҳои оянда пешниҳод намуд ва аз ҷониби аъзои Шӯро ҷонибдорӣ гардид.
Ҷиҳати баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа инчунин Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд - Кристин Лаабс, Роҳбари Намояндагии бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Айтен Рустамова, Роҳбари Намояндагии Бонки Рушди Осиё – Прадип Шривастава, Роҳбари Оҷонсии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ - Ҳидеки Танабе, Директори ҶДММ “Корпоратсияи Моҳии Тоҷик” – Суҳроб Давлатов, Директори кооперативи “Зиндагӣ” – Зеваршои Рустам, Раиси ҶДММ “Таджиквнештранс” – Абдумумин Абдусамадов, Раиси ҶСК “Казкоммерсбонк Тоҷикистон” – Рамеш Худоиев и Директори ҶСК “Биржаи Осиёи Марказӣ” – Алишер Шерназаров ва дигарон баромад карда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.
Зимни баррасии масъалаҳо, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ташкили инфрасохтори зарурӣ дар шафати роҳҳои байналмилалӣ, мушкилии соҳаи бонкдорӣ, куллан ба роҳ мондани ислоҳоти низоми бонкӣ дар кишвар ва масъалаҳои дигари ҷаласа ибрози назар намуданд муҳим арзёбӣ шуд.
Дар хотимаи ҷаласа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба нуқтаҳои дар он зикргардида ба вазорату идораҳо, масъулини дахлдор дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳо доданд.