Ҷаласаи нуздаҳуми Шӯрои машваратӣ

20.02.2019

Рӯзномаи

ҷаласаи XIX Шӯрои машваратии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани

фазои сармоягузорӣ

20 феврали соли 2019, соати 9-00

1. Гузориш оид ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ:

-Маърузаи Котиби масъули Шӯро, Ҳамрализода Ф.М.;

-Муаррифии Вазири адлия, Рустам Шоҳмурод дар бораи ба роҳ мондани сабти электронии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва рақамикунонии бойгониҳо;

-Маърузаи Роҳбари Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пратибҳа Меҳта;

-Маърузаи аъзои Шӯрои машваратӣ аз бахши хусусӣ, Директори иҷроияи “Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон”, Нигина Икромова.


2. Муаррифии натиҷаҳои таҳлили масъалаҳои низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшаванда:

- Муаррифии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода;

- Маърузаи Роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Ян Питер Олтерс;

-Маърузаи аъзои Шӯрои машваратӣ аз бахши хусусӣ, Директори ҶДММ “Беҳамто”, Исломиддин Ҳакимов


3. Муаррифии натиҷаҳои таҳлил оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши маориф ва илм:

-Муаррифии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуриддин Саид;

-Маърузаи Намояндаи Хазинаи кудакони СММ дар Тоҷикистон, Лючиано Колестини;

-Маърузаи директори муассисаи таълимии хусусии «Литсейи Раҳнамо» Ҳакимниё Илҳомиддин


4. Дар бораи лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ.

-Таҳлили рушди кластерӣ дар соҳаи кишоварзӣ.

-Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши технологияҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ.

Раиси Шӯро:
  Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои доимии Шӯро:
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода
Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода
Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Шараф Шерализода
Аъзои муваққатии Шӯро:
Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Прадип Шривастава
Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳидеки Танабе
Директори ҶСП «Фароз» Азамат Қосимов
Раиси Иттифоқи Ҳунармандони Тоҷикистон Нигина Икромова
Директори ҶДММ “Беҳамто” Исломиддин Ҳакимов
Директори ҶДММ Суҳроб Давлатов
Роҳбари ҶСК Одина Бозоралӣ
Директори ҶДММ Искандар Орифов
Директори ҶДММ Мирзоқодир Бақоев
Директори ҶДММ Равзанабону Негматуллоева
Директори ассотсиатсияи сайёҳии Экофарҳангии Помир (АСЭФП) Асадшо Зоолшоев
Директори кооперативи Зеваршои Рустам
Директори ҶДММ Акмал Ҳомидов
Директори ҶДММ Абдулло Ҳасанов
Директори ҶДММ Асомуддин Ризоев
Корпоратсияи давлатии Русал Тсиркалюк Татьяна
Шахсони даъватшуда:
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Заробиддин
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода
Раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода
Муовини якуми Раиси Бонки миллӣ Нуралиев Ҷамолиддин Камолович
Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода
Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода
Сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур
Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Абдумаҷид Муминзод
Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Нигина Анварӣ
Роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода
Сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аъламхон Қодириён
Муовини сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқаддасзода Фирдавс Муқаддас
Роҳбари Маркази технологияҳои иттилоотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоиён Нодир Рамазонӣ
Референти калони Котиботи Президенти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Матлубхон Султонович
Директори Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ” Усмонзода Исфандиёр
Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта
Роҳбари Намояндагии доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова
Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мерилин Ҷозефсон
Намояндаи доимии Котиботи ҳамкориҳои Швейтсария дар Тоҷикистон Валбурга Рус
Роҳбари намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон Юрий Соболев
Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Манижа Мамаднабиева
Роҳбари Намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон Питер Фернандес Карди
Роҳбари Намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон Рашид Кадиров
Роҳбари Намояндагии Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев
Роҳбари Фонди Оғохон дар Тоҷикистон Акбар Алӣ Песнани
Хазинаи кўдаконаи Созмони Милали Муттаҳид Лучиано Колестини
Роҳбари Бонки рушди «KfW» дар Тоҷикистон Андреас Шнайдер
Директори Агентии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Паул Ричардсон
Муовини роҳбари Намояндаи доимии Котиботи ҳамкориҳои Швейтсария дар Тоҷикистон Корин Деманж
Менеҷери барномаҳои соҳаи маорифи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Диана Димова
Файл:
  Загрузить

Рӯзи 20 феврали соли 2019 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XIX Шӯро баргузор гардид.

jalasa.jpg

Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалисозии тадбирҳо дар самти васеъ истифода бурдани иқтидорҳои энергетикӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо шарикони тиҷоратии ҷумҳурӣ ва кишварҳои минтақа, беҳтаршавии мавқеи кишвар дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”, таҳияи санади меъёрию ҳуқуқӣ оид ба тартиби арзёбии самаранокии имтиёзҳои мавҷуда, тақвият бахшидан ба раванди ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муосиргардонии хизматрасонӣ ва танзими давлатии соҳибкорӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуданд.

jalasa2.jpg

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа, рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух шунида шуд.

jalasa3.jpg

Дар робита бо ин дар бораи ба роҳ мондани сабти электронии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва рақамикунонии бойгониҳо, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумат оид беҳтар намудани мавқеи кишвар дар арзёбии “Пешбурди соҳибкорӣ”дар таҳрири нав, роҳандозии тартиби мустақими бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, пардохти боҷи давлатӣ барои бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ ва андозҳо дар низоми “онлайн” бо истифода аз корти миллӣ, ВИЗА ва МАСТЕРКАРД, фаъол гардидани Системаи электронии Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ барои бақайдгирии гаравҳои молу мулки манқул ва қабули бастаи қонунҳо дар доираи ислоҳоти низоми созишҳои таъминшуда, ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва Кодекси гумрук бо пешниҳоди дар маҷмуъ 30 имтиёзу сабукиҳо барои беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ иттилоъ дода шуд.

jalasa4.jpg

Тибқи банди дуюми рӯзнома муаррифии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳҳорзода Файзиддин оид ба натиҷаҳои таҳлили масъалаҳои низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшаванда пешниҳод гардид.

jalasa5.jpg

Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуриддин Саид роҷеъ ба натиҷаҳои таҳлил оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши маориф ва илм гузориш дод.

jalasa6.jpg

Оид ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамрализода Фаррух баромад карда, масъалаҳои таҳлили рушди кластерӣ дар бахши агросаноатӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва бахши технологияҳои иттилоотию телекоммуникатсиониро барои баррасӣ ба ҷаласаҳои оянда пешниҳод намуд, ки аз ҷониби аъзои Шӯро ҷонибдорӣ гардид.

jalasa7.jpg

Ҷиҳати баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, инчунин Вазири адлия, Рустам Шоҳмурод, Роҳбари Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пратибҳа Меҳта, Роҳбари Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд, Ян Питер Олтерс, Намояндаи Хазинаи кудакони СММ дар Тоҷикистон, Лючиано Колестини, аъзои Шӯрои машваратӣ аз бахши хусусӣ, Директори иҷроияи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Нигина Икромова, аъзои Шӯрои машваратӣ аз бахши хусусӣ, Директори ҶДММ “Беҳамто”, Исломиддин Ҳакимов, Директори Муассисаи таълимии хусусии “Литсейи Раҳнамо”, Ҳакимниё Илҳомиддин ва дигарон баромад карда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.

jalasa8.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба нуқтаҳои дар он зикргардида ба вазорату идораҳо, масъулини дахлдор дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳои мувофиқ доданд.


Протоколи ҷаласа



Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид