Ҷаласаи бисту якуми Шӯрои машваратӣ

26.02.2021

Рӯзномаи

ҷаласаи XXI Шӯрои машваратии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани

фазои сармоягузорӣ

(25 феврали соли 2021, соати 09:00)

1. Доир ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ.

             

Баромадкунандагон:

            - Қодирзода Саъдӣ, котиби масъули Шӯро

            - Ян Питер Олтерс, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

            - Бозоралӣ Одина, узви Шӯро, роҳбари Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Комбинати шири Кӯлоб”

2. Муаррифии натиҷаҳои таҳлили вазъи соҳаи саноат ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа.

 

Баромадкунандагон:

- Шералӣ Кабир, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

- Сезин Синаноглу, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон

- Ҳасанов Абдулло, узви Шуро, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корвони Аср”

3. Дар бораи лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ дар мавзуҳои:

  • Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи хуроки умумӣ ва хизматрасонӣ дар соҳа;
  • Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар рушди тиҷорати электронӣ
  • Таҳлили соҳаи содирот ва ташкили низоми миллӣ дар ин самт.


Баромадкунанда:

- Қодирзода Саъдӣ, котиби масъули Шӯро

Аъзои доимии Шӯро:
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ (Котиби масъули Шӯрои машваратӣ) Саъдӣ Қодирзода
Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуғаффорзода
Аъзои муваққатии Шӯро:
Роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Роҳбари Намояндагии доимии Бонки Ҷаҳонӣ Ян Питер Олтерс
Роҳбари Намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Мунео Такасака
Раиси Шӯрои нозирони ҶСП “Бохтар групп” Азамат Қосимов
Директори ҶДММ “Корвони Аср” Абдулло Ҳасанов
Директори ҶДММ “Беҳамто” Исломиддин Ҳакимзода
Директори ҶДММ “Моҳии тоҷик” Суҳроб Давлатов
Роҳбари ҶСК “Комбинати шири Кӯлоб” Бозоралӣ Одина
Директори ҶДММ “Баракати Исфара” Искандар Орифов
Роҳбари ҶДММ “Ресандаи Тоҷикистон” Равзабону Негматуллоева
Директори Ассотсиатсияи сайёҳии Эко-фарҳангии Помир Асадшо Зоолшоев
Директори кооперативи ташкилоти ҶДММ “Зиндагӣ” Асадшо Зоолшоев
Директори ҶДММ “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” Зеваршои Рустам
Директори ҶДММ “Рахш ЛТД” Асомуддин Ризоев
Директори ИҶ “Маркази рушди ҳунармандӣ ва сайёҳӣ Нигина Икромӣ
Шахсони даъватшуда:
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев
Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода
Муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Шарифӣ
Директори Агентии стандартизатсия, метрология, серитификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Абдулваҳобзода
Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода
Директори КВД Бонки саноативу содиротииТоҷи кистон “Саноатсодиротбонк” Ҳокимшоҳ Бобозода
Роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода
Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Исмоилзода
Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламхон Наимӣ
Мудири Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Ҳасанзода
Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Шараф Шерализода
Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир
Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу
Роҳбари Намояндагии доимии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Сабине Олтхоф
Роҳбари Намояндагии доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова
Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мерилин Ҷозефсон
и.в. Роҳбари ҳайати Агентии ИМА оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Кит Симмонс
Роҳбари Намояндагии доимии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Сабине Олтхов
Роҳбари Намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон Паша Садихов
Роҳбари Намояндагии Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев
Роҳбари Намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Валериу Кивер
Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Фаррух Султонов
Файл:
  Загрузить

Санаи 25 феврали соли 2021 таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи XXI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид, ки дар он аъзои Шӯрои машваратӣ, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, намояндагони шарикони рушд ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.

image.png

Дар ҷаласа масъалаҳои рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлили вазъи соҳаи саноат ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа ва масъалаҳои асосии лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода қайд намуд, ки солҳои охир бо мақсади тақвият бахшидани рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароитҳои боз ҳам беҳтар дар ин самт, корҳои назаррас амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар низоми “Равзанаи ягона”-и мақомоти андоз соддаву ройгон ба роҳ монда шуд, ки ба боз ҳам осон ва камхарҷ шудани оғози фаъолияти соҳибкорӣ, афзоиши шумораи соҳибкорон ва дар маҷмӯъ фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Низомҳои “Равзанаи ягона” ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ, барои дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, бақайдгирии амволи ғайриманқул ва дигар механизмҳои муосир бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ташкил карда шуд, ки ба раванди фаъолияти соҳибкорӣ сабукӣ овард.

image-1.png

Оид ба банди якуми рӯзномаи ҷаласа гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Тавре қайд гардид, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба иншоотҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, корхонаҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла дар шакли таътили пардохтҳои андозӣ, пардохт накардани маблағи иҷораи моликияти давлатӣ, фоизи қарзҳои бонкӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ва дигар сабукиҳо фароҳам оварда шуд.

Бо мақсади такмили хизматрасониҳои давлатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасонии давлатӣ” таҳия ва ба баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ бо истифода аз имкониятҳои васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мебошад. Аз ҷониби Агентии омор 31 намуди ҳисоботи оморӣ пурра ба низоми электронӣ ворид карда шуда, хусусан дар соҳаи саноат раванди ҷамъоварии 3 намуди шаклҳои ҳисоботи оморӣ аз соҳибкорон бо усули электронӣ роҳандозӣ карда шудааст.

Инчунин, вобаста ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” пурра ва расман ба фаъолият шуруъ гардидани низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” аз 1 сентябри соли 2020; таҳлили рейтинги миллии фазои сармоягузорӣ; тасдиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020 оид ба Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва Барномаи муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷорӣ намудани таҷрибаи муносиб дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, яъне стандартҳои байналмилалии Global G.A.P. маълумот дода шуд.

image-3.png

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шарифӣ Бахтиёр баромад намуда, вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти гуруҳи корӣ оид таҳлили вазъи соҳаи саноат ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа гузориш дод.

Оид ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ маълумот дода, масъалаҳои рушди тиҷорати электронӣ, таҳлили соҳаи содирот ва ташкили низоми миллӣ дар ин самт ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи хуроки умумӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаро барои баррасӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби аъзои Шӯро дастгирӣ ёфт.

Ҷиҳати баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, инчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон - Ян Питер Олтерс, Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон - Сезин Синаноглу, узви Шӯро, роҳбари Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Комбинати шири Кӯлоб” - Бозоралӣ Одина, узви Шуро, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корвони Аср” - Ҳасанов Абдулло ва дигарон баромад карда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.

Дар ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода масъалаҳои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла саноатикунонии мамлакат, баланд бардоштани суръати афзоиш ва васеъгардонии истеҳсолоти саноатӣ, рушди кооператсияи истеҳсолӣ, истифодаи самараноки бартариятҳои минтақавии соҳаи саноат, истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот, азнавтаҷҳизонии истеҳсолоти амалкунанда, содироти маҳсулоти ниҳоӣ масъалаҳои Кодекси андоз дар таҳрири нав ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, низоми идоракунии корпоративӣ ва дигар масъалаҳоро қайд намуд.

Сарвазири мамлакат, ҳамзамон роҷеъ ба тадбирҳои баланд бардоштани масъулияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти рушди соҳибкорию сармоягузорӣ, таҳкими ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ дар минтақаҳо ибрози назар намуд.

Зимни ҷамъбасти ҷаласа вобаста ба нуқтаҳои дар он зикргардида ба вазорату идораҳо, масъулини дахлдор дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳо дода шуд.

Протоколи ҷаласа



Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид