Ҷаласаи бисту сеюми Шӯрои машваратӣ

28.11.2023

РӮЗНОМАИ

ҷаласаи XXIII Шӯрои машваратии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани

фазои сармоягузорӣ

(28 ноябри соли 2023, соати 9:00)

1. Доир ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ

Баромадкунандагон:

  • Саъдӣ Қодирзода - Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;
  • Далер Шарифӣ - узви Шӯро, роҳбари Ҷамъити дорои масъулияти маҳдуди «Асрори санг»;
  • Озан Севимли - узви Шӯро, роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.


2. Доир ба масъалаҳои рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баромадкунандагон:

  • Саъдӣ Қодирзода - Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;
  • Наврӯзова Шукрона - роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Шукрона»;
  • Холгер Вифел - Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Баррасии натиҷаҳои таҳлил оид ба рушди соҳибкории ҷавонон ва сармояи венчурӣ

Баромадкунандагон:

  • Ҳоким Бобозода – роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии «Саноатсодиротбонк»;
  • Ленни Монтиел - Роҳбари Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон.

4. Оид ба пешниҳоди масъалаи «Тақвияти раванди рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон» ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ

Баромадкунанда:

  • Наима Нурматова - Директори иҷроияи Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон.

Раиси Шӯро:
  Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои доимии Шӯро:
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Котиби масъули Шӯро) Саъдӣ Қодирзода
Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Фаррух Юсуфзода
Аъзои муваққатии Шӯро:
Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ
Намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон Шенни Кемпбелл
Роҳбари Намояндагии доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел
Раиси Шӯрои нозирони ҶСП “Бохтар групп” Азамат Қосимов
Директори ҶДММ “Корвони Аср” Абдулло Ҳасанов
Директори ҶДММ “Беҳамто” Исломиддин Ҳакимзода
Директори ҶДММ “Моҳии тоҷик” Суҳроб Давлатов
Директори ҶДММ “Рахш ЛТД” Асомуддин Ризоев
Роҳбари ҶДММ “МТТ Шафқат” Манзура Ғафурова
Директори иҷроияи Иттифоқи рушди бахши хусусӣ Наима Норматова
Роҳбари ҶДММ “Асрори санг” Далер Шарифӣ
Роҳбари ширкати ҶДММ “Мархор” Туйчӣ Икромов
Роҳбари ҶДММ “Элегант” Абдулаҳад Муъминов
Роҳбари ҶДММ “Авесто Гуруҳ” Мирзо Муҳаммад
Роҳбари ҶДММ “Авитсенна” Абдураззоқ Саидов
Роҳбари ҶДММ “ЗАБ” Тоҳир Ҳукуматов
Шахсони даъватшуда:
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода
Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабур
Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода
Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода
Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода
Роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода
Сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Исмоилзода
Сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода
Сардори раёсати маориф, фарњанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода
Сардори раёсати рушди иљтимої Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода
Сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳайлӣ Қурбонзода
Мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои иќтисодї Амирҷон Убайдуллоҳ
Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Иноятулло Қосимзода
Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо
Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир
Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами
Роҳбари Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиел
Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис
Роҳбари Намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Имай Сейдзю
Роҳбари Намояндагии Доимии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Сабине Олдхоф
Роҳбари Намояндагии Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев
Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Фаррух Султонов
Роҳбари Намояндагии Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Ибраҳим Этҳем
Роҳбари Намояндагии Фонди Оғохон дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов
Муовини роҳбари Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон Кевин Дин
Роҳбари Барномаи Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Мадина Нурматова
Сардори раёсати барномаҳои ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Рати Джапаридзе
Директори ҶДММ “Сифат Саноат” Ҳаким Идиев
Директори ҶДММ “Акома” Парвиз Раҳимов
Директори ҶДММ “Сифат Фарма” Шералӣ Холов
Директори ҶДММ “Ғаюр Пак” Комрон Каримов
Директори ҶДММ “Покиза -М” Абдузоҳид Шодиев
Директори ҶДММ “Моҳир семент” Баҳриддин Джурахонов
Директори ҶДММ “Тоҷик Мебел” Ҳомидҷон Мухаков
Раиси раёсати КВД “Саноатсодиротбонк” Ҳокимшоҳ Бобозода
Директори ҶСК “Алиф Бонк” Гуланор Атобек
Директори МД “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” Дилшод Ҷуразода
Муассиси ширкати Zypl.ai Азизҷон Азимӣ
Директори ҶСК “Душанбесаноат” Ҳусейн Ҳаитов
Директори ҶДММ Илҳом Комилов
Директори ҶДММ “Мабдаи Нур” Мазбут Бойҷонов
ҶДММ “Шерматова Н. Г.” Наргис Шерматова
ҶДММ “Рухом” Муфарраҳ Муҳаббатов
Муассиси платформаи Yalla.tj Азиз Носиров
Директори ҶДММ “Баракати Исфара” Дилшод Ҷабборӣ
Директори ҶДММ “Ғаюр семент” Акбар Асадулло
Директори ҶДММ “К. Даврон” Баҳром Рустамов
Роҳбари Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои моҳипарварии Тоҷикистон Тоҳир Баротов
Директори ҶДММ “Барқcохтмонлоиҳакаш” Комилҷон Иброҳимов
Роҳбари ҶДММ “Тибби омехта” Диловар Иброҳимзода
Директори АМФОТ Зебо Фатудинова
Директори ҶДММ “Анавак” Ғанизода Умедҷони Исмоил
Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Шукрона” Шукрона Наврӯзова
Директори ширкати “Шивер Тоҷикистон” Замира Орипова
Директори ширкати “Соса Соla - нушокиҳои Тоҷикистон” Бурак Атес
Роҳбари ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон Нуъмон Абдуғаффорзода
Файл:
  Загрузить

28 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Шӯро, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ ҷаласаи XXIII Шӯро баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлилҳо ва тавсияҳо оид ба рушди соҳибкории занону бонувон, соҳибкории ҷавонон ва сармояи венчурӣ, инчунин лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаҳои ояндаи Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Пешвои миллат, Раиси Шӯрои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, яке аз омилҳои асосӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар пазируфта шудааст.

Зикр гардид, ки Шӯрои машваратии назди Президенти мамлакат оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, ҳамчун майдони муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ бо мақсади беҳтар кардани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ таъсис дода шуда, дар муддати фаъолияти он ҷиҳати фароҳам овардани муҳити мусоиди соҳибкорӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ ислоҳоти фарогир амалӣ гардидааст.

Ҷиҳати иҷрои қарорҳои Шӯро дар самти ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои рақамикунонии иқтисодиёт дар мамлакат қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ”, “Дар бораи савдои электронӣ”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” қабул гардида, дар низомҳои андозу гумрук, бонкӣ, омор, соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ, сайёҳӣ, инчунин дар самтҳои бақайдгириву дигар расмиёти танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ пешравиҳо ба даст оварда шуданд.

Президенти мамлакат дар баробари густариши раванди рақамикунонии иқтисодиёт, масъалаҳои саноатикунонии босуръат, гуногунсамтиву рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти истеҳсолоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, рушди “иқтисоди сабз”, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсониро аз самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ дониста, дар ин ҷода саҳми муассири бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷиро муҳим арзёбӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои соҳибкории занону бонувон лоиҳаи Барномаи рушди соҳибкории занон барои давраи то соли 2027 таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардидааст.

Зимни баррасии масъалаи рушди соҳибкории ҷавонон баланд бардоштани донишу малакаи соҳибкории ҷавонон, таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии раванди мазкур, осон намудани дастрасии ҷавонон ба захираҳои молиявӣ, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва сармояи венчурӣ саривақтӣ ва таҳияи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт мувофиқи мақсад дониста шуд.

Инчунин дар ҷаласа Шӯрои машваратӣ қарор қабул кард, ки масъалаи тақвияти раванди рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон ба баррасии ҷаласаҳои ояндаи шӯро пешниҳод карда шавад.

Дар муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Асрори санг” Далер Шарифӣ, роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Шукрона” Наврӯзова Шукрона, роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел, роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии “Саноатсодиротбонк” Ҳокимшоҳ Бобозода, роҳбари Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Ленни Монтиел ва Директори иҷроияи Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Наима Нурматова баромад карда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба нуқтаҳои дар он зикргардида ба вазорату идораҳо ва масъулини мақомоти давлатӣ дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳои дахлдор доданд.

Аз ҷумла, доир ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва иҷрои саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати таъмини фаъолияти самараноки шӯроҳои соҳибкориву сармоягузории вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои амалӣ андешида, ҳамкориро бо Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ тақвият бахшанд.

Дар робита ба танзими самараноки муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор иҷрои муқаррароти санадҳои дар ин самт қабулгардидаро таъмин намояд.

Ба шарикони рушд тавсия дода шуд, ки фаъолияти худро дар амалисозии лоиҳаҳои самти рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ, ташакули “иқтисоди сабз”, инноватсия, саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини шуғли пурмаҳсул ва меҳнати шоиста вусъат бахшанд.

Ҷиҳати тақвияти раванди рақамикунонӣ барои пурра ташкил намудани заминаи моддию техникӣ, махзанҳои маълумот, омода кардани мутахассисони соҳавӣ, таъмини интернети босифат ва дар ин замина пешниҳоди хизматрасониҳои давлатии муосир дар шакли электронӣ вазорату идораҳо вазифадор гардиданд, ки чораҷӯйӣ намоянд.

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки занону бонувон бештар дар соҳаҳои маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг ва хизматрасонии кишвар фаъолият дошта, дар самти соҳибкорӣ низ шумораи онҳо бояд зиёд гардад.

Вобаста ба ин, ба вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо ва Маркази миллии тестӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани бонувон аз рӯйи ихтисосҳои идоракунии тиҷорат, маркетинг, менеҷмент, молия, бонкдорӣ, идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ чораҷӯйӣ намоянд.

Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар вазифадор гардиданд, ки дар барномаҳои таълимӣ ба ташаккул ва рушди истеъдоди соҳибкории донишҷуён, махсусан донишҷӯдухтарон аҳамияти хосса дода, таълимро бо дарназардошти ҳамчун соҳибкори тайёр барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ ва таъсиси коргоҳу корхонаҳои гуногун омода намудани хатмкардагони ин муассисаҳо ба роҳ монанд.

Ба шарикони рушд тавсия дода шуд, ки фаъолияти худро дар бахшҳои хизматрасонии молиявӣ, машваратҳо оид ба тиҷорат ва фаъолияти соҳибкорӣ, омӯзиш ва сарпарастии соҳибкории хурду миёна ва дигар хизматрасониҳо, ки аз ҷониби бонувон идора карда мешаванд, вусъат бахшанд.

Қайд гардид, ки дар шаҳру деҳоти мамлакат захираҳои инсонии дорои таҷриба ва қобилияту малакаи касбу ҳунарҳо мавҷуд буда, истифодаи самаранок аз он дар рушди ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа метавонад нақши муассир дошта бошад.

Бинобар ин, ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо роҳи ҳавасмандсозӣ ҷалб намудани шахсони соҳибтаҷриба ба омӯзонидани касбу ҳунарҳои гуногун ба занону бонувон ва ҷавонон, бахусус дар деҳоти ҷумҳурӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Ҳамчунин, дар ин самт ҳамкории шарикони рушд низ бо мақомоти давлатии дахлдор мувофиқи мақсад дониста шуд.

Зарур дониста шуд, ки Бонки миллӣ якҷо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд корҳоро дар самти дастрасии занону бонувон ва ҷавонони соҳибкор ба қарзҳои арзон тақвият бахшад.

Дар ҷумҳурӣ мавзеъҳои ҷолиби табиӣ ва бо фарҳангу хусусиятҳои ба ҳар минтақа хос мавҷуд буда, мумкин аст нуқтаҳои сайёҳӣ бо сармоягузории начандон зиёд бунёд карда шаванд.

Аз ин рӯ, ба вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати ташкили шаҳрак ва маҳаллаю гузарҳои ҳунармандию сайёҳӣ, бунёди мавзеъҳои бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ, фарҳанг ва хусусиятҳои ба ин минтақаҳо хос тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Сарвари давлат зарур шумориданд, ки ҷиҳати дастгирии молиявии ташаббусҳои ҷавонон дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, ба роҳ мондани машварати коршиносони соҳавӣ ва мубодилаи таҷрибаю иттилоот дар соҳаи соҳибкорӣ тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки механизмҳои самарабахши ҳамкориро бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии соҳибкорони ҷавон барои ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷавонони соҳибкор роҳандозӣ намоянд.

Дар робита ба ин, зарур шуморида шуд, ки заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати рушди сармоягузории венчурӣ, фондҳои венчурӣ, сарчашмаҳои алтернативии маблағгузорӣ, бастани шартномаҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои стартап ва ҷанбаҳои пешрафти ин самтҳо муҳайё карда шаванд.

Зикр гардид, ки дар кишвари мо низоми таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои стартап, сармоягузорӣ ва фондҳои венчурӣ дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад.

Вобаста ба ин, вазорату идораҳо вазифадор гардид, ки тағйиру иловаҳои заруриро ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия ва пешниҳод намояд.

Инчунин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафта моделҳои муносиби рушди соҳибкорӣ ва сармоягузориро таҳия ва татбиқ намояд.

Ба шарикони рушд тавсия дода шуд, ки дар амалисозии барномаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо иштироки ҷавонон, бахусус дар самти татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, стартапҳо, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, тиҷорати электронӣ ва паркҳои технологӣ саҳми бештар гузоранд.

Бо ҳамин ҷаласаи бисту сеюми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ба охир расид.

406029805_770871955083536_5118079719168085630_n.jpg406030449_770871311750267_3861734881025626121_n.jpg406033213_770871545083577_3542094359589330383_n.jpg406034679_770872435083488_2021699358555233889_n.jpg406034705_770871285083603_3620134565456934396_n.jpg406037028_770872998416765_1753711407188262969_n.jpg406037556_770871871750211_656556354159261886_n.jpg406039376_770872755083456_6185490074308731809_n.jpg406039402_770872551750143_8252376472754608267_n.jpg406041459_770871885083543_8071204804713686383_n.jpg406041281_770872988416766_6903150442907843419_n.jpg406041459_770871885083543_8071204804713686383_n.jpg406043089_770872091750189_6264619674941296145_n.jpg406041758_770871121750286_3011041145062466749_n.jpg406041585_770872688416796_1488191767212274524_n.jpg406041461_770871735083558_5461266502434722658_n.jpg406043189_770872138416851_1301220140989874932_n.jpg406043189_770872301750168_2398645663961784897_n.jpg406043225_770871651750233_5337106418039992359_n.jpg406541545_770871065083625_8028511271374408147_n.jpg


Протоколи ҷаласа



Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид