Ҷаласаи шашуми Шӯрои Машваратӣ

08.12.2010

Рӯзномаи ҷаласа

1. Ҳисобот оид ба ҷараёни амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва муайянкунандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмиллӣ, инчунин оид ба натиҷаҳои иҷроиши қарорҳои протоколии ҷаласаи панҷуми Шӯрои машваратӣ.


Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - О. Оқилов

2. Тасдиқкунии Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷорикунии технологияҳои иттилоотӣ-равобитӣ барои такмилдиҳии идораи давлатӣ («Ҳукумати электронӣ»)

Котиби масъули Шӯрои машваратӣ – Саидов Д.

3. Тасдиқкунии Барномаи мақсадноки давлатӣ ҷиҳати  тақвият намудани имконоти содиротии бахши коркарди мева ва сабзавот дар солҳои 2010-2012.


Раиси Иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагони Тоҷикистон - Н. Забиров


Раиси Шӯро:
   

 

Э. Раҳмон -


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои доимии Шӯро:
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Оқилов
Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Саидов
Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ З. Ҳотамов
Аъзои муваққатии Шӯро:
Раиси асотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон З. Саидов
Раиси Иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Забиров
Раиси Асотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон И. Лаълбеков
Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Улф Ҳиндстром
Директори Агентии ИМА оид ба ҳамкории байналмиллӣ (USAID) дар Тоҷикистон Ҷефри Леҳрер
Шахсони даъватшуда:
Мушовири Калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили иқтисодӣ Н. Бӯриев
Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Давлатов
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Ҳамралиев
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёров
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Надҷмудинов
Раиси Бонки Миллӣ Ш. Раҳимзода
Вазири нақлиёт ва равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Бобоев
Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ
Ҷонишини якуми директори Агентии сохтмон ва меъморӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Султонов
Ҷонишини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Амиров
Ҷонишини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Раҳматбоев
Сардори Шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвестицияи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Тагоймуродов
Роҳбари хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонТ А. Шарифзода
Раиси Асотсиатсияи Интернет-провайдерҳо А. Атоев
Директори Фонди ҷамъиятии «Интернет» Р. Қосимов
Раиси Асотсиатсияи соҳибкорӣ дар кишоварзӣ М. Раҳматов
Раиси Асотсиатсияи Миллии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) А. Шарипов
Раиси Алянси кишоварзии Тоҷикистон Ш.Бозоров
Раиси Асотсиатсияи Миллии занони соҳибкор Г. Маҳкамова
Раиси ҶСП «Комбинати агросаноатии «Гулистон» С. Ҳакимов
Роҳбари Намояндагии Бонкиумумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кяра Бронки
Роҳбари Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Майкл Ҷонс
Сафири Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Ҳертрамс
Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон В. Вернер
Ҷонишини директори Лоиҳаи рушди соҳибкории хурд ва миёнаи Агентии Олмон оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Қосимова
Корманди масъули Барномаи Рушди СММ Йоҳаннес Линн
Файл:
  Загрузить

Дар нутқи муқаддимавии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои нави Шӯрои машваратиро аз бахши хусусӣ: Раиси Асотсиатсияи Миллии занони соҳибкор – Г. Маҳкамова, Раиси ҶСП «Комбинати агросаноатии «Гулистон» - С. Ҳакимов ва Директори Фонди ҷамъиятии «Интернет» - Р. Қосимовро пешниҳод кард. Ваколати аъзои амалкунандаи Шӯро – Некрой Забиров боз ба як мӯҳлат дароз карда шуд.

Тибқи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа оид ба ҷараёни амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва муайянкунандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмиллӣ инчунин оид ба натиҷаҳои иҷроиши қарорҳои протоколии ҷаласаи панҷуми Шӯрои машваратӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - О. Оқилов суханронӣ намуд.

Баъди анҷоми суханронии Оқил Оқилов Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки назорат аз болои иҷроиши қарордодҳои ҷаласаи Шӯрои машваратӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарордодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи натиҷаҳои ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ қабул мешаванд, бояд ҷиддӣ амалӣ шаванд. Хусусан бо роҳи тақвият додани чорабиниҳо ҷиҳати равобити босамари бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, афзоиши сатҳи ҷавобгарӣ ва маълумотнокии соҳибкорон зарур мебошад. Барои мисол, ба роҳмонии корҳои созмон додани курсҳои таълимӣ барои соҳибкорон дар назди мактабҳои олии кишвар ва маркази шаҳрҳову вилоятҳо пешниҳод шуд, ки дар онҳо соҳибкорон метавонанд бо таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ шинос шаванд, сатҳи бароҳмонӣ ва фарҳанги фаъолияти соҳибкориро баланд бардоранд.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа оид ба тасдиқкунии минбаъдаи Нақшаи чорабиниҳои баъдинаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷорикунии технологияҳои иттилоотӣ-равобитӣ барои такмилдиҳии идораи давлатӣ («Ҳукумати электронӣ») маърӯзаи Котиби Масъули Шӯрои машваратӣ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Саидов Д. шунида шуд.

Дар суханронии хеш зикр намуд, ки бо мақсади гузаронидани ислоҳоти минбаъда дар соҳаи иттилоот ва равобит таҳлилҳои мувофиқ гузаронида шуданд ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди технологияҳои иттилоотӣ-равобитӣ барои такмилдиҳии идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Нақшаи пешниҳодшударо дастгирӣ намуд ва ба ҷанбаҳои мусбати Ҳукумати электронӣ, мисли: пурзӯркунии муносибати байниҳамдигарии ҳамаи сохторҳои давлатӣ, транспарентии амалиёти гузаронидашаванда (амалиёти андозӣ ва гумрукӣ низ дохил мешаванд), системавӣ кунонидани вазифаҳои назоратӣ, маҳдудкунии сӯистифода аз тарафи сохторҳои давлатӣ, паст кардани хароҷоти буҷет ва ғ.ишора намуд.

Инчунин байён гардид, ки барои амалисозии пурра ва зарурии ин Нақша вақти кофӣ ва захираҳои молиявӣ зарур мебошад ва пеш аз ҳама омӯзонидан ва омода кардани кадрҳои коршинос зарур мебошад. Бинобар ин, ба ташкилотҳои байналмиллӣ баррасии имконияти расонидани кӯмаки молиявӣ ва техникӣ ҳангоми амалисозии ин Барнома пешниҳод шуд.

Тибқи масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа оид ба тасдиқкунии Барномаи мақсадноки давлатӣ оид ба пурзӯркунии имконоти содиротии бахши коркарди меваву сабзавот барои солҳои 2010-2012 маърӯзаи Раиси Иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагони Тоҷикистон - Н. Забиров шунида шуд.

Зимни суханронии хеш Н.Забиров зикр намуд, ки бахши коркарди меваву сабзавот яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзӣ мебошад ва бо мақсади рушди минбаъдаи он лоиҳаи Барномаи мақсадноки давлатӣ оид ба пурзӯркунии имконоти содиротии бахши коркарди меваву сабзавот барои солҳои 2010-2012 омода шуда буд.

Лоиҳаи Барнома аз тарафи сафири Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонума Дорис Хертрамс пешниҳод шуда буд. Дар суханронии хеш ба арзанда будани қабули барномаи мазкур, бо назардошти хусусиятҳои Тоҷикистон, ҳамчун мамлакати аграрӣ ишора намуд. Вай махсусан зикр намуд, ки маблағгузории ин Барнома аз тарафи GTZ, DFID ва USAID бе ҷалби васоити буҷҷетӣ амалӣ хоҳад шуд.

Барои дастгирии қабули ин Барнома инчунин Раиси асотсиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқонӣ – Шарипов А.сухан намуд. Вай баён намуд, ки қабули Барнома ба рушди бахши кишоварзӣ ва болоравии имконоти содиротии он мусоидат хоҳад кард. Лоиҳаи Барнома чораҳои кӯтоҳмуддат ва миёнамуддатро барои рушди бахши коркарди меваву сабзавот бо иштироки фаъолонаи бахшҳои давлатӣ ва хусусии кишвар,инчунин ташкилотҳои байналмиллӣ пешбинӣ мекунад.

Тибқи масъалаи мустаҳкамкунии ҳамкории баъдина бо иттиҳодияи байналмиллӣ дар доираи қарорҳои қабулшудаи Шӯрои машваратӣ ва аз ҷумла ҳамин Барнома Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон - Улф Хиндстом, Директори Агентии Америкоӣ оид ба рушди ҳамкориҳои байналмиллӣ дар Тоҷикистон (USAID) – Ҷеффри Леҳрер ва корманди масъули Барномаи Рушди СММ - Йоханнес Линн суханронӣ намуданд. Онҳо аз ҷумла қайд намуданд, ки тағйироти мусбӣ дар кори Шӯрои машваратӣ ва инчунин афзудани нақши бахши хусусӣ дар кори Шӯрои машваратӣ ва иштироки фаъолонаи он дар коркард ва амалисозии Барномаҳои пешниҳодшуда ба мушоҳида мерасанд.

Дар давоми маърӯзаи намояндагони ташкилотҳои байналмиллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилотеро, ки имрӯз аксаран пешорӯи соҳибкорони кишвар меоянд, хусусан дар бахши кишоварзӣ, мухтасаран баён намуда, як қатор пешниҳодот дохил намуд. Пурзӯркунии муносибати байниҳамдигарии давлат, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои кредитӣ, аз ҷумла соҳаи пахтаиТоҷикистон, таъминкунии техникаи кишоварзӣ ва васоити истеҳсолоти кишоварзӣ, дастрасии онҳо ба аҳолӣ ва инчунин содирот, коркард ва амалисозии маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод шуд. Ишора шуд, ки ин дар навбати худ, ба афзуншавии ҷамъоварии буҷет, ба зиёдшавии сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ имкон медиҳад, дастрасиро ба маблағгузории иловагии ғайрибуҷҷетӣ ва талаботро ба маҳсулоти истеҳсолшаванда бо танзимкунии бозор таъмин намояд.

Ҷалби кӯмаки ташкилотҳои байналмиллӣ ба афзудани миқдори корхонаҳои саноати коркардкунанда, ҳавсмандии зиёди истеҳсолкунандагон ва дар натиҷа, умуман, баромадани Тоҷикистон аз бӯҳрони иқтисодӣ мусоидат мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони шарикони рушдро даъват намуд, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷроиши чорабиниҳои мадди назарбуда маълумот диҳанд ва инчунин натанҳо дар мусоҳибаи давлату соҳибкорӣ, балки дар амалисозии қарорҳои қабулшаванда низ иштирок кунанд.

Тибқи масъалаи чоруми рӯзномаи ҷаласаи 7-уми Шӯрои Машваратӣ, маърӯзаи Котиби масъули Шӯрои машваратӣ - Саидов Д.Ш. шунида шуда, пешниҳод намуд, ки дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ масъалаи бо мушкилоти дар сохтмон дар қисми такмилдиҳии системаи нархташкилкунӣ алоқаманд буда, гузаронидани тендер ва назоратҳо баррасӣ шавад.

Дар нутқи худ Саидов Д.Ш. баён намуд, ки баррасии масъала оид ба беҳгардонии фазои сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон ба қабулкунии қарордодҳои зарурӣ имкон медиҳад, ки рушди фаъолияти сохтмонӣ дар Тоҷикистон, суръатбахшӣ ба сохтмони биноҳо ва иншооти таъйиноташон васеъ, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ, таъмини доираи васеъи аҳолӣ бо манзил ва афзоиши сифати корҳои сохтмонӣ мусоидат хоҳанд кард. Ин масъала бо ташаббуси Асотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратӣ ба роҳ монда шуд. Аз ҳамин сабаб таъсис додани гурӯҳи корӣ бо ҷалби вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ ҷиҳати омодасозии ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои баррасӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пешниҳодро дастгирӣ намуд ва ба Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ба ҳамаи вазорату идораҳои манфиатдор гузаронидани таҳлили зарурӣ ва пешкашкунии пешниҳодоти худро тибқи ҳалли масъалаҳои мазкур бо ҷалби бахши хусусӣ супориш дод.

Тибқи натиҷаҳои ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханро ба ҷаноби Йоханис Линн дод, ки вай дар суханрониаш пешравиҳои назарраси Тоҷикистонро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ қайд намуд. Вай ба он ишора намуд, ки дар ҷумҳурӣ ҳоло амалан асоси кофии меъёрии ҳуқуқӣ барои рушд ва дастгирии соҳибкорӣ ташаккул ёфтааст, вале мушкилоти муайяне барои амалисозии он мавҷуд аст, ки барои ҳалли онҳо диққати махсус додан лозим меояд. Ҷаноби Йоханис Линн ба масъалаи рӯз будани татбиқкунии технологияҳои иттилоотӣ-равобитӣ ишора намуд ва ҳангоми амалисозии чораҳои пешниҳодшаванда истифодаи таҷрибаи мусбии мамолики дигарро пешниҳод кард ва инчунин саривақтӣ будани баррасии масъалаҳои бо сохтмон алоқамандро дар ҷаласаи ояндаи Шӯро дастгирӣ намуд. Дар ин ҳангом баррасии натанҳо масоили танзимкунии қонунгузорӣ, балки пешбинии чораҳои мувофиқ нисбати амалисозии онҳо зарур мебошад. Дар поёни нутқи худ ҷаноби Йоханис Линн аҳамиятнокии Шӯрои машваратиро дар ҳалли масъалаҳои бо беҳгардонии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон алоқаманд махсусан қайд намуда, зарурати ҳамкории давлат, бахши хусусӣ ва иттиҳодияи байналмиллиро тавассути он таъқид кард.


Дар нутқи хотимавии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки ҳоло ҳангоми мавҷуд будани асоси меъёрии ҳуқуқии мувофиқ, мушкилоти амалисозии меъёрҳои қонунгузорӣ ва инчунин сатҳи на он қадар баланди ҳуқуқии худи соҳибкоронро қайд кардан даркор аст. Вазъи фазои сармоягузорӣ инчунин бо мавҷуд набудани маблағгузории кофӣ, хусусан дар бахши кишоварзӣ, ки барои Тоҷикистон аҳамиятнок мебошад, мушкилтар мегардад. Ба он нигоҳ накарда, ки Тоҷикистон натиҷаҳои назаррасро дар рейтингҳои байналмиллӣ соҳиб гаштааст, корро дар ин самт давом додан бо ҷалби бештари ҳам бахши хусусӣ ва ҳам ташкилотҳои донорӣ, бо диққати махсус додан ба масъалаҳои кишоварзӣ, бо дохил кардани масъалаҳои истеҳсолӣ, амалисозӣ, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ зарур мебошад.

Дар анҷоми ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти Шӯрои машваратӣ бо ҷалби васеи намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмиллӣ қаноатмандиашро баён намуда ба ҳамаи ҳозирин барои иштирок миннатдорӣ кард ва ба ҳамкории пурсамар дар оянда изҳори умед намуд.

ҚАРОРДОДҲОИ ШӮРО:

Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- барои ҷалби васоити молиявӣ дар амалисозии барномаҳо оид ба татбиқкунии технологияҳои иттилоотӣ-равобитӣ чораҳои зарурӣ дида шавад;

- назорат аз болои иҷроиши қарорҳои Шӯрои машваратӣ таъмин карда шавад;

• Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор бо тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқкунии технологияҳои иттилоотӣ-равобитӣ барои такмилдиҳии идораи давлатӣ» ва «Барномаи мақсадноки давлатӣ тибқи пурзӯркунии имконоти содиротии бахши коркарди мева ва сабзавот барои солҳои 2010-2012» мувофиқа карда шуда ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

• Ба Котиби масъули Шӯро оид ба технологияҳои иттилоотӣ-равобитӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мушовири Президенти ҶТ оид ба илм ва технологияҳои пешрафта, якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва бо ҷалби намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмиллӣ барои оғози кори Шӯро оид ба технологияҳои иттилоотӣ-равобитӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида шаванд;

• Гурӯҳи корӣ тибқи коркарди лоиҳаи Консепсияи рушди Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро бо Шӯро тибқи технологияҳои иттилоотӣ-равобитӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунад ва лоиҳаи Консепсияро дар мӯҳлати муқарраршуда барои баррасӣ пешниҳод кунад.

• Ба Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки барои сохтани корхонаҳои коркарди анор ва истеҳсоли шарбати анор дар мамлакат чораҳои зарурӣ бинанд.

• Ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби асотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои байналмиллӣ, бо мақсади боло бурдани фарҳанги соҳибкорӣ ва сатҳи маърифати соҳибкорон, дар соҳаҳои молия ва савдо, ҳуқуқи соҳибкорӣ, гузариш аз соҳибкории тиҷоратӣ ба истеҳсолот ва ғ. курсҳои такмили ихтисос ташкил кунад.

• Ба Котиби масъул ва Котиботи Шӯрои машваратӣ супориш дода мешавад, ки имконияти зиёдкунии миқдори аъзои Шӯрои машваратӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмиллӣ баррасӣ шавад ва дар ҳолати зарурӣ лоиҳаи тағйирот дар Дастурамали Шӯрои машваратӣ коркард карда шавад.

• Баррасии масъалаҳои беҳгардонии фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон алоқаманд ҳамчун яке аз бандҳои ҷаласаи оянда, яъне ҳафтуми Шӯрои машваратӣ тасдиқ карда шавад.

Бо ин сабаб, Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи омодасозии ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои машваратӣ бо ҷалби вазорату идораҳои дахлдор, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва институтҳои лоиҳакашӣ дар соҳаи сохтмон, намояндагони бахши хусусӣ, ташкилотҳои байналмиллӣ ва Котиботи Шӯрои машваратӣ гурӯҳи корӣ созмон диҳад.

• Аъзои нави Шӯрои машваратӣ: Г. Маҳкамова, Р. Қосимов ва С. Ҳакимов тасдиқ карда шаванд ва ваколати Н. Забиров боз ба як мӯҳлат дароз карда шавад.

Ваколати аъзои Шӯрои машваратӣ аз бахши хусусии ватанӣ – И. Лаълбеков, З. Саидов, Г. Қаюмов ва аз сармоягузорони хориҷӣ Д. Робсон бо сабаби тамом шудани мӯҳлати ваколаташон қатъ карда шавад.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 - Д. Саидов

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ
- З. Ҳотамов




Протоколи ҷаласа



Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид