28 Апреля 2021

Густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд

Рӯзи 28 апрели соли 2021, мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ бо Роҳбари Намояндагии доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар рафти мулоқот, Роҳабри Котиботи Шӯрои машваратӣ вобаста ба ислоҳоти татбиқгардида дар доираи фаъолияти Шӯро ва дастовардҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Сипас, ҷонибҳо вобаста ба татбиқи нақшаҳои оянда ва ислоҳоти самти беҳтарнамоии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ибрози назар намуданд.

Дар баробари ин, омода намудани ширкатҳои ватанӣ барои дастрас намудани қарзҳои муcоиди Бонки аврупоии таҷдид ва рушд муҳим арзёбӣ гардида, дар ин самт чораҳои муштарак андешида мешаванд.

Дар анҷоми мулоқот, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои самараноки дуҷониба баҳри рушди фазои соҳибкорию сармоягузории кишвар изҳор намуданд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид