15-05-2012

Ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратӣ оид ба бехтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Раиси ноҳияи Фархор

11 майи соли 2012 дар ноҳияи Фархор ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузории назди Раиси ноҳия баргузор гардид. Шӯрои мазкур бо ташаббуси Раиси ноҳияи Фархор, намояндагони бахши хусусӣ ва бодастгирии технкию машваратии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Дар ҷаласаи нахустини Шӯро аъзоёни Шӯро аз ҳисоби намондагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ инчунин намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ширкат намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа, масъалаҳои ташкилӣ ва натиҷаҳои тадқиқот «Оид ба дараҷаи огоҳии бахши хусусӣ дар ноҳияи Фархор» пешниҳод карда шуд. Тадқиқоти мазкур аз ҷониби Иттиҳодияи ҷамъиятии «Нисоҷон» бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар моҳи март-апрели соли 2012 доир шуда буд. Дар ҷаласа як қатор таклифу пешниҳодот вобаста ба баланд бардоштани дараҷаи иттилоотонии бахши хусусӣ оид ба ислоҳоти доиршудаистода дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ироа гардид.

Қайд гардид, ки дар самти мазкур Маркази дастгирии соҳибкорӣ ва савдои наздисарҳадӣ дар ноҳияи Фархор, ки фаъолияти он барои кӯмак намудан ба соҳибкорони ноҳия ҷиҳати рушди фаъолияти тиҷоратии онҳо равона шудааст, метавонад кӯмак расонад. Ҳамзамон Марказ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоту идораҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли масъалаҳои соҳибкорон ҳамкориҳои зич дорад.

Дар ҷаласа инчунин чорабинии «Рӯзи дарҳои кушода» гузаронида шуд, ки дар он ҳар як соҳибкор оид ба рушди тиҷорати худ ва ҳалли масъалаҳои рӯзмарра аз намояндагони мақомоти давлатӣ, ки соҳаи соҳибкориро ба танзим медароранд, посухҳои мушаххас гирифтанд. Боиси хурсандист, ки бо қарори Шӯрои машваратӣ 11 май «Рӯзи соҳибкорӣ дар ноҳияи Фархор» эълон гардида, тасмим гирифта шуд, ки дар таърихи 11-уми ҳар моҳ вохӯрии намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон гузаронида шавад, ки дар он сохибкорон тавонанд ба саволҳои худ посух гирифта, пешниҳодоти худро вобаста ба рушди соҳибкорӣ ироа намоянд.

Намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштиркчиёни ҷаласа оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатӣ ва рушди соҳибкорӣ» ва тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот доданд. Иштирокчиёни ҷаласа таклифу пешниҳодоти худро вобаста ба лоиҳаҳои зикргардида баён намуданд.

Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармяогузорӣ дар назди Раиси ноҳияи Фархор майдони муколама миёни сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои рушди иқтисоди маҳаллӣ, бартарафсозии монеаҳои маъмурӣ дар роҳи рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ дар сатҳи маҳаллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳадафи бунёди муколамаи мазкур пеш аз ҳама, боло намудани нақши соҳибкорӣ дар ноҳия ва ҷалби васеъи бахши хусусӣ ба ҷараёни рушди иқтисоди маҳаллӣ маҳсуб меёбад. Шӯро нақши асосиро дар ташкил, пешрафт ва ҳалли масъалаҳои иқтисоли маҳаллӣ, аз ҷумла беҳтарсозии фазо барои рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя, тақвияти иқтидори содиротии ноҳия, ташкилӣ фазои мусоид барои ҳамкорӣ миёни давлат ва бахши хусусӣ мебозад.

Шӯро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Раиси ноҳияи Фархор фаъолияти худро бо шӯроҳои вуҷуддошта дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ мутобиқ намуда, ба амалисозии ислоҳоти иқтисодӣ дар сатҳи маҳаллӣ, пешбарии масъалаҳои рушди бахши хусусӣ барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯроҳои дар боло қайдгардида мусоидат менамояд.


Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид