19-07-2012

Вохӯрии намояндагони Котиботи Шӯрои машваратӣ бо намояндагони бахши хусусӣ

19 июли соли 2012 намояндагони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо бахши хусусӣ вохӯрӣ гузаронид. Дар вохӯрии мазкур аъзоёни Шӯрои машваратӣ ва ҳам шахсони даъватшуда ҳузур доштанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони Котибот лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи 10-уми Шӯрои машваратиро муаррифӣ намуданд, ки онро ҷониби шарикон хуш қабул намуданд.

Инчунин дар вохӯрӣ баромандагон оид ба бандҳои алоҳидаи ҷаласа муайян гардиданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид