26-09-2013

Мулоқоти намояндагони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо шарикони рушд

Рӯзи 26-уми сентябри соли 2013 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ вохӯрии бисёрҷонибаи намояндагони Котиботи Шӯрои машваратӣ бо шарикони асосии рушд, аз ҷумла Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ, Агентии Швейтсария оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ ва ташкилоти Британияи Кабир “VSO International” баргузор гардид.

Дар қисмати аввали вохӯрӣ Роҳбари Котибот Завқиҷон Завқиев шариконро оид ба ҷараёни ислоҳоти дар доираи фаъолияти Шӯро якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқшуда, аз ҷумла ислоҳот дар бахши шарикии давлат ва бахши хусусӣ, андозбандии тиҷорат, бахши сайёҳӣ, суғурта, шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага (Конвенсияи Апостил) оиди барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии давлат маълумот дод.

Дар қисмати дуюми вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба дигар ҷанбаҳои ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд. Шарикони рушд қаноатмандии хешро нисбати ҷараёни татбиқшавии ислоҳот дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ, инчунин омодагии худро ҷиҳати расонидани мусоидати зарурӣ дар ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд. Махсусан Бонки Ҷаҳонӣ дар расонидани кӯмаки техникӣ дар ислоҳоти бахши суғурта, ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар татбиқи “Равзанаи ягона” барои амалисозии амалиётҳои содиротию воридотӣ, Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва Агентии Швейтсария оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар татбиқи ислоҳот дар бахши сайёҳӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, танзими андозӣ ва низоми иҷозатдиҳӣ мусоидат хоҳанд кард.  

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид