02-10-2013

Мулоқоти навбатии зергуруҳҳои гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ

Рӯзи 01-уми октябри соли 2013 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҷаласаҳои навбатии зергуруҳҳои гуруҳи корӣ оид ба хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо, дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва омӯзиши хадамоти хизматрсаонии муштариён, раводид ва ба қайдгирӣ, маълумот ва омор ва зергуруҳи корӣ оид ба иҷозат ва иҷозатномадиҳӣ ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои мукаммал намудани хизматрасониҳоро дар фурудгоҳи байналмилалии ш.Душанбе, соддатар гардонидани низоми дастрас намудани раводид, бақайдгирии сайёҳон дар ҷумҳурӣ ва масъалаҳои такмили омори сайёҳӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар охир, аъзои гуруҳи корӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдоштаи бахши сайёҳӣ ба хулосаҳои умумӣ расиданд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид