04-10-2013

Вохӯрии аъзои гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ бо намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ

Имрӯз дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ вохӯрии навбатии зергуруҳи корӣ ва доктор Филипп Ридл - мушовири байналхалқии бахши сайёҳӣ дар доираи фаъолияти гуруҳи корӣ бо намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ баргузор гардид.

Вохӯрӣ дар фазои озод бо иштироки коршиносони соҳа, шарикони рушд ва бахши хусусӣ сурат гирифта дар он мушкилоти ҷойдоштаи бахши сайёҳӣ, аз ҷумла ҷанбаҳои ҳуқуқии бахши сайёҳӣ, танзими давлатии он, махсусан сайёҳии вурудӣ мавриди музокира қарор дода шуд.

Дар хотима, ҷонибҳо қаноатмандии хешро аз вохӯрии мазкур арз намуда, ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои самаранокро ҷиҳати рушди сайёҳӣ минбаъд низ густариш хоҳанд дод. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид