03-01-2013

Ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ"

Шарикони мӯҳтарам,

Бо хушнудӣ ба иттилои Шумо мерасонем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.

Мавриди қайд аст, ки лоиҳаи қонуни зикргардида бо ташаббуси Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таҳия гардида, дар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат инъикос шуда буд. Тибқи қарори Шӯрои машваратӣ лоиҳаи қонун таҳия гардида, дар ҷаласаи 10-уми Шӯрои машваратӣ, ки дар таърихи 19 октябри соли 2012 доир гардида буд, муаррифӣ карда шуд.

Дар таҳияи қонун саҳми шарикон, аз ҷумла намояндагони мақомоти давлатӣ, махсусан Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, бахши хусусӣ ва шарикони рушд назаррас буда, баланд арзёбӣ карда мешавад.

Итминон дорем, ки ҳамкориҳои созандаи мо баҳри татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» идома ва тақвият хоҳанд ёфт.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид