05-02-2013

Баргузор гардидани мизи мудаввар дар мавзӯи «Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ – ҳамчун воситаи таъминкунандаи муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ»

05 феврали соли 2013, дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, мизи мудаввар дар мавзӯи «Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ – ҳамчун воситаи таъминкунандаи муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ» баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши хусусӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон иштирок намуданд.

Мизи мудавварро Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Завқиҷон Завқиев ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақсади доир намудани мизи мудаввар ҷамъбасти дастовардҳои Шӯрои машваратӣ дар соли 2012 ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Шӯро барои соли 2013, инчунин мубодилаи афкор байни шарикон мебошад.

Сипас, маърӯзаи Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Завқиҷон Завқиев оид ба фаъолияти Шӯро дар соли 2012 шунида шуд. Зикр гардид, ки дар соли ҳисоботӣ Шӯрои машваратӣ таҳти сарварии Раиси Шӯро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду ҷаласаи худро гузаронид, ки дар онҳо як қатор масъалаҳои мубрами беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ислоҳоти татбиқшударо дар самтҳои муҳайё намудани заминаи ҳуқуқиву иқтисодӣ барои ташаккули шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ислоҳоти низоми андозбандӣ, соддагардонии расмиёти маъмурӣ барои сармоягузорон, соддатар намудани ҷараёни санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, бартараф намудани монеаҳои маъмурии фаъолияти соҳибкорие, ки тавассути иҷозатнома амалӣ карда мешаванд ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ҳамчун дастовардҳои назарраси Шӯрои машваратӣ дар соли гузашта номбар кардан ҷоиз аст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи фаъолияти Шӯро, Қонуни ҶТ «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” таҳия карда шуд.

Инчунин дар идомаи ибтикорҳои Шӯрои машваратӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи Созишномањои инвеститсионӣ» ва Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузорӣ қабул гардиданд ва Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳидро (бо ибораи дигар Конвенсияи Ню-Йорк) оид ба эътироф ва мавриди иҷро қарор додани қарорҳои арбитражии хориҷӣ тасдиқ намуд.

Мавриди зикр аст, ки натиҷаҳои ислоҳоти доиршуда аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, Тоҷикистон тибқи Ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ “Пешбурди соҳибкорӣ” дар соли гузашта мавқеи худро боз 6 зина боло бурд.

Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ барои таъсис ва ташаккули ҳамкориҳои байни давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард, ки имрӯзҳо шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар назди раисони ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияи Фархор фаъолияти пурсамар доранд. Бо супориши Раиси Шӯро, Президенти ҷумҳурӣ ҷараёни таъсиси чунин Шӯро дар назди Раиси шаҳри Душанбе ва водии Рашт идома дорад.

Котиботи Шӯрои машваратӣ дар ҳамкории зич бо намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд мунтазам номгӯи масъалаҳои афзалиятнокро барои доир намудани ислоҳот муайян намуда, вобаста ба ҳар як масъалаи аз ҷониби бахши хусусӣ пешниҳодшуда таҳлилҳои лозимӣ мегузаронад ва натиҷаи онҳоро ба баррасии Шӯрои машваратӣ пешниҳод мекунад.

Дар хотимаи суханронии худ Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Завқиҷон Завқиев зикр намуд, ки дар асоси пешниҳодҳои бахши хусусӣ масъалаҳои зерин, аз ҷумла тақвият бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ; беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши суғурта; ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии давлат; мусоидат ба шомил гардидани Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага (ё Конвенсияи Апостил аз соли 1961) оид ба эътироф намудани ҳуҷҷатҳои кишвари шомилшудаи Конвенсия дар кишвари шомилшудаи дигар ва идомаи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки Шӯрои машваратӣ дар соли 2013 муайян гардиданд.

Сипас, дар кори мизи мудаввар  аз номи шарикони рушди Тоҷикистон, Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Улф Ҳиндстром ва аз номи бахши хусусӣ Раиси Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Изатулло Лалбеков баромад намуда, фаъолияти Шӯроро дар соли сипаригашта хуб арзёбӣ намуданд.

Дар интиҳои мизи мудаввар байни иштирокчиён баҳсу мунозираҳо сурат гирифта, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ фикру пешниҳодоти муфид манзур шуданд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид