14-02-2013

Вохӯрии навбатии намояндагони Котиботи Шӯрои машваратӣ бо шарикони рушд

14 феврали соли 2013, дар шаҳри Душанбе мулоқоти бисёрҷонибаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо намояндагони як қатор ташкилотҳои байналмилалии дуҷониба ва бисёрҷониба доир гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи босамари қарорҳои Шӯро, аз ҷумла гузаронидани таҳлилҳо оид ба масъалаҳои дастрасӣ ба мамлакат, рушди сайёҳӣ ва соддагардонии расмиёти маъмурӣ барои сармоягузорон, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва зарурияти такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», инчунин мубодилаи мунтазами иттилоот мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Роҳбари Котиботи Шӯро Завқиҷон Завқиев вобаста ба масълаҳои баррасишаванда маълумот дод ва саҳми шарикони рушдро дар татбиқи қарорҳои Шӯрои машваратӣ муҳим арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ҳанӯз ҳам имкониятҳои мавҷуда пурра истифода бурда намешаванд. Аз ин лиҳоз, барои расонидани кӯмакҳои техникӣ ҷиҳати иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ аз ҷониби шарикони рушд бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Дар навбати худ намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иброз доштанд, ки айни замон кӯмакҳои техникии худро вобаста ба татбиқи як қатор қонунҳои қайдгардида расонида истодаанд ва минбаъд низ барои татбиқи қарорҳои Шӯрои машваратӣ ҳамкориҳоро идома медиҳанд.

Дар хотима, Роҳбари Котиботи Шӯро Завқиҷон Завқиев изҳори умедворӣ намуд, ки масъалаҳои баррасишуда аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ дастгирӣ хоҳанд ёфт.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид