22-02-2013

Таъсиси Шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ноҳияи Фархор, шаҳрҳои Исфара, Истаравшан ва Панҷакент

Боиси хушнудист, ки бо мақсади ташаккули муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи минтақавӣ, имрӯзҳо дар қатори вилоятҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ таъсис ёфта истодаанд.

Айни замон, шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ноҳияи Фархор, шаҳрҳои Исфара, Истаравшан ва Панҷакент бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳои мазкур ва дастгирии техникии Барномаи рушди СММ ташкил гардида, фаъолияти худро оғоз намудаанд.

Мақсади асосии шӯроҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя барои иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо маҳсуб гардида, ҳамзамон ба некӯаҳволии сокинон, ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ва таҳкими ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ равона карда мешавад.

Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо шӯроҳои навтаъсиси маҳаллӣ ҳамкориҳои зич ба роҳ монда, ҷиҳати густариши фаъолияти онҳо мусоидат хоҳад кард. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид