04-04-2013

Ҷаласаи нахустини гурӯҳи корӣ

Имрӯз дар толори конфронси Котиботи Шӯрои сармоягузорӣ гурӯҳи корӣ нахустин ҷаласаи худро баргузор намуд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ Завқиҷон Завқиев баъди ифтитоҳи ҷаласа қайд намуд, ки бо маќсади иљрои ќарорњои протоколии љаласањои 9-ум ва 10-уми Шўрои машваратии назди Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба бењтар намудани фазои сармоягузорї ва тавсияњои Конфронси миллии сайёњї бо ќарори Котиби масъули Шўрои сармоягузорї, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон - Давлаталї Саидов аз 27.03.2013, №32 гурўњи корї оид ба бењтар намудани фазои сармоягузорї дар бахши сайёњї таъсис дода шудааст.

Вазифаҳои асосии гурӯҳи корӣ гузаронидани таҳлилҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, таҳия намудани тавсияҳои мушаххас ва пешниҳоди натиҷаҳо ба ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки моҳҳои август ё сентябри соли равон дар нақша гирифта шудааст, ба ҳисоб меравад.

Лоињаи Наќшаи фаъолияти гурўњи корї мавриди баррасї ќарор дода шуд. Ќайд гардид, ки лоињаи мазкур аз љониби Котиботи Шўрои сармоягузорї дар њамкорї бо шарикони рушд тањия карда шудааст. Аъзои гурўњи корї вазифадоранд, ки лоињаи наќшаи кориро омўхта, то љаласаи навбатии гурўњи корї дар њафтаи оянда хулосањои худро ба Котиботи Шўрои сармоягузорї пешнињод намоянд.

Дар хотима љаласа ќарорњои зеринро ќабул намуд:

1. Аъзои гурўњи корї лоињаи наќшаи кории пешнињодшударо омўхта, то љаласаи навбатии гурўњи корї хулосањои худро ба Котиботи Шўрои сармоягузорї пешнињод намоянд.

2. Ба љаласањои гурўњи корї намояндагони Вазорати фарњанг, Агентии омор, Хадамоти муњољират, Хадамоти карантини растании Вазорати кишоварзї, Сарраёсати ќушунњои сарњадї, Шўъбаи раводид ва баќайдгирии ВКД низ даъват карда шаванд.

3. Љаласаи ояндаи гурўњи корї рўзи 10 апрели соли љорї, соати 15:00 гузаронида шавад.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид