12-04-2013

Вохӯрии намояндагони Котиботи Шӯрои сармоягузорӣ бо шарикони рушд

12-уми апрели соли 2013 намояндагони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо як катор намояндагони шарикони рушд вохӯрӣ гузарониданд.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони Котибот шариконро ба лоиҳаи рӯзномаи 11-уми ҷаласаи Шӯрои сармоягузорӣ шинос намуданд. Баъди муҳокимаҳо лоиҳаи рӯзномаи 11-ум аз ҷониби шарикон мавриди дастгирӣ қарор гирифт.

Ба ғайр аз ин, дар ҷараёни вохӯрӣ баромадкунандагон аз чониби шарикони рушд оид ба бандҳои алоҳидаи рӯзномаи ҷаласа муайян гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ намонядагони шарикони рушд омодагии худро баҳри мусоидати ҳамаҷониба ба фаъолияти Шӯрои машваратӣ ва Котиботи он, инчунин ба ҷараёни корҳои омодагї ба ҷаласаи 11-уми Шӯрои сармоягузортӣ иброз намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид