31-07-2013

Вохӯрии кормандони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо мушовири бахши беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ Филип Ридл

Рӯзи 31 июли соли 2013 дар дафтари Котибот вохӯрии ҳайати Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Филип Ридл мушовири ширкати “VSO International” вобаста ба бахши сайёҳӣ баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои вобаста ба беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бо қаноатмандӣ аз ҷониби роҳбари Котибот зикр гардид, ки Сафорати Британияи Кабир чунин як коршиноси соҳаро ҷиҳати расонидани кӯмак ба ҷониби Тоҷикистон дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ҷалб намудааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки намояндаи “VSO International” дар Тоҷикистон тавсияҳои мушахасси худро барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ пешниҳод менамояд ва ҷониби Котиботи Шӯрои машваратӣ онҳоро якҷо бо тавсияҳои худ ҷамъбаст намуда ба ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ равон мекунад.

Фаъолияти Профессор Филип Ридл вобаста ба масоили рушди бахши сайёҳӣ шаш моҳи дигар идома хоҳад кард.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ҳамкориҳои судмандро дар ин самт идома хоҳанд дод.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид