02-08-2013

Вохӯрии Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ

Рӯзи 1-уми августи соли 2013 Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо ҷаноби Томаззо Чиерчия (коршинос оид ба беҳтар намудани бахши хусусӣ) - Роҳбари ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ оид ба санҷиш ва ихтисори номуайяниҳои танзимкунӣ ва татбиқи меъёрҳои танзимнамоӣ дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: а) муҳокимаи рушди то кунун ба дастомада бо идораҳои дахлдори давлатӣ, инчунин қадамҳои минбаъда; б) таъмини дастгирии ҳамаҷониба ба ҷонибҳои манфиатдор ва ҳамаҳангсозӣ оид ба татбиқи нақшаҳои муттаҳидона; в) ҷамъи маълумотҳои зарурии шуморавӣ ва сифатнок; г) гузаронидани мусоҳибаи васеъ бо намояндагони бахши хусусӣ ҷиҳати ба итмом расонидани саволнома оид ба тафтиши андоз дар ҷаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур ва д) омӯзиши пудратчии маҳаллӣ “SIAR Research and Consulting” бо мақсади гузаронидани тадқиқот дар Тоҷикистон.

Дар ҷавоб ба дархости ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ, ҷониби Котибот розӣ шуд, ки ҷиҳати ташкил кардани мулоқот бо соҳибкорони вилоятҳои Сӯғду Хатлон мусоидат намояд.

Зикр гардид, ки ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ният дорад баъд аз анҷом расидани ҷараёни гузаронидани таҳлилҳо хулосаҳои худро ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод намояд, ки он аз ҷониби Котибот пазируфта шуд.

Аз ҷониби ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ дархост карда шуд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани шакли электронии иҷозатҳо ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки техникӣ расонад, ки он аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид