13-08-2013

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Шӯрои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ”

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Шӯрои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ”

Шарикони мӯҳтарам,

Бо хушнудӣ ба маълумоти Шумо мерасонем, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи июли соли 2013 Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ” таъсис дода шуданд.

Яке аз вазифаҳои асосии Шӯро баррасӣ ва қабули лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо шарикии давлат ва бахши хусусӣ мебошад.

Ҳайати Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз инҳо иборат аст:

Раис – Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раис – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аъзои Шӯро:

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Директори Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ”- Котиби Шӯро;

Роҳбари мақомоти марказӣ ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки барои бастани созишнома бо шарикони хусусӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” ваколат дорад (узви муваққатӣ).

Ҳоло Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии таъсиси Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ”-ро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намуда истодааст.

Нусхаи қарорҳои мазкурро метавонед аз линки зерин дастрас намоед: http://investmentcouncil.tj/upload/iblock/348/%D0%9A%D0%B0%D1%80%D0%BE%D1%80%D1%85%D0%BE%D0%B8%20%D0%A5%D1%83%D0%BA%D1%83%D0%BC%D0%B0%D1%82%D0%B8%20%D0%A7%D1%83%D0%BC%D1%85%D1%83%D1%80%D0%B8%D0%B8%20%D0%A2%D0%BE%D1%87%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%BD.pdf

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид