28-08-2013

Вохӯрии Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Улф Ҳиндстром- Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон ва Собир Алиев – бонкдори Бонки Аврупоӣ дар ҶТ

Рӯзи 28-уми августи соли 2013 вохӯрии Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Улф Ҳиндстром- Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон ва Собир Алиев – бонкдори Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Роҳбари Котибот Завқиҷон Завқиев ба ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии Шӯро ва Котиботи он изҳори қаноатмандӣ намуда, иттилоъ дод, ки корҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ идома доранд. Вобаста ба ин хабар дода шуд, ки Гуруҳи кории байниидоравӣ ва Гуруҳи кории шарикони рушд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тибқи Нақшаи амали таҳияшуда фаъолиятҳои худро ҳамоҳанг карда истодаанд. Махсусан дар чор самти муҳим, аз љумла: а) иљозатдињї ва иљозатномадињї; б) раводид ва баќайдгирї; в) хизматрасонї дар фурудгоњњо, дигар гузаргоњњои сарњадї ва омўзиши хадамоти хизматрасонии муштариён; г) омор ва маълумот корҳои лозимӣ бомаром идома доранд.

Аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон хабар дода шуд, ки қарорҳои меҳнатии кормандони нави Котибот дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин аз ҷониби Бонк имзо хоҳанд шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид